расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Оғози “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз дар Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Оғози “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз дар Тоҷикистон

Тадбирҳои фосилавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва иқлими сабз дар ҷумҳурӣ.


Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо (GIZ) Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аксияи фосилавии (онлайнӣ)  “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” -ро эълон менамояд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) “амалиёти моҳонаро оид ба рушди иқлими сабз, ҳамчун бахши шарикӣ бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ тибқи уҳдадориҳои Созишномаи байналмилалии Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Конвенсияи гуногунии биологӣ оғоз менамояд.
“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” санаи 24 октябри соли 2020 оғоз шуда, бо як қатор тадбирҳои фосилавӣ, аз қабили мусобиқаҳои ҳунарӣ, викторинаҳо, силсилаи подкаст ва маърӯзаҳои коршиносон идома ёфта, бо баҳсҳои зинда бо иштироки намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ санаи 20 ноябри соли 2020 ба поён мерасад.
“Моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” бар пояи эҷоди тафаккури пешрафта оид ба масъалаҳои муҳити зист, тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳон рӯйи даст гирифта шудааст. Ҳадафи ташаббуси номбурда боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ ва огоҳӣ оид ба масъалаҳои мазкур буда, аз тариқи чорабиниҳои фосилавӣ дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он дастрас мебошанд.Чорабиниҳои мазкур дар доираи амалисозии мавзӯъҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва иқлим бо санадҳои миллии кишвар мутобиқ мебошанд.
Тағйирёбии иқлим оқибатҳои коҳишёбии муҳити зистро шиддат бахшида, ба баъзе бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст дар раванди банақшагириҳои соҳавӣ мисли тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷират ин масъала ба инобат гирифта шавад.
Илова бар ин пандемияи бемории сироятии ковид 19 натиҷаҳои таъсири ногувори худро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷаҳон нишон дод.
Ба иловаи таъсирҳои мустақими он дар низоми тандурустӣ, таъсири бевосита ба раванди ҳаёти мо низ дорад, бахусус рӯ овардан ба воситаҳои электронӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд. Чораҳои саривақтии зарурӣ ҳамроҳ бо тадбирҳои коҳиши таъсири буҳрони ҳозира кафолат ба таъмини амнияти  муҳити зист ва ояндаи устувор барои мардуми Тоҷикистон мебошанд.
GIZ ба намояндагӣ аз Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Вазорати Муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ҳастаӣ, идораи устувори захираҳои табииро бо шарикони миллӣ ва маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Тавассути чанд лоиҳа, талошҳои якҷоя ҷиҳати ҳимояти муҳити ягона ва қиммати Осиёи Миёна, боло бардоштани сатҳи зиндагӣ дар деҳот ва тобоварии физикӣ ва иҷтимоияшонро тақвият бахшад.
Дар чорабиниҳои “моҳи амал оид ба рушди иқлими сабз” иштирок намо ва дар нигоҳ доштани иқлими муътадили Тоҷикистон саҳмгузор бош! Маълумоти бештар роҷеъ ба чорабинӣ ва иштирок дар онро метавонед дар сомонаи

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.