 Чопи саҳифа ✉ Равон кардан 28 апрел кормандони вазорату идораҳои дахлдор ба машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷалб карда мешаванд

28 апрели соли равон  дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзии кормандони вазорату идора, муассисаҳои олӣ ва  миёнаи касбӣ таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» доир мегарданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, 28 апрел кормандони Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе дар «Боғи ҷавонон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати мамлакат дар Боғи «Парчами давлатӣ», Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон дар Боғи ба номи устод «Рӯдакӣ», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат ва Кумитаи забон ва ислоҳоти ҷумҳурӣ дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншоотҳои варзишӣ ва сокинони маҳаллаҳои пойтахт дар майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо, майдончаҳои варзишии Муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба машқҳои оммавӣ – варзишӣ фаро гирифта мешаванд.

Инчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳо ба варзиш ҷалб карда мешаванд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон