Мансабдорон ба машқи пагоҳирӯзӣ мебароянду худро лоғар мекунанд

Машқи пагоҳирӯзӣ

Дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирӯзии кормандони вазорату идора, муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст" баргузор мешавад

Ҳадафи машқҳои пагоҳирӯзӣ бо ширкати кормандони ҳукумат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад, хабар медиҳад равобити умумии кумитаи ҷавонон ва варзиш.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, 28 апрел кормандони Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе дар "Боғи ҷавонон", Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати мамлакат дар Боғи "Парчами давлатӣ", Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон дар Боғи ба номи устод "Рӯдакӣ", Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи мамлакат ва Кумитаи забон ва ислоҳоти ҷумҳурӣ дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт машқ мекунанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон