ДУ ШОҲҶОИЗАИ АСПҲОИ ПИСАРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Ҳар ду шоҳҷоизаи пойгаи аспдавонии наврӯзӣ дар "Наврӯзгоҳ”-и пойтахти Тоҷикистон – ду мошини тамғаи "Равон”-ро "Шерхон – Дарк” ва "Рахш” – ду аспи Анӯшервони Рустам, писари шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва набераи президент Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаанд. Аспҳои набераи президент дар пойгаҳои моҳҳои сентябр ва ноябр дар Душанбе низ соҳиби мошин шуданд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки дар мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ, ки бо ширкати човандозон аз кишварҳои ҳамсоя ва аспхонаи худи Тоҷикистон рӯзи 31 март дар Наврӯзгоҳи пойтахт ба шарафи иди Наврӯз доир шуд, ҳарду шоҳҷоизаи ин мусобиқот – ду мошини тамғаи "Равон” – насиби аспҳо бо лақабҳои Шерхон – Дарк” ва "Рахш” шудааст.

Дар чорчӯби ин мусобиқа дар маҷмӯъ 10 пойга доир шуд. "Шерхон – Дарк” дар пойгаи 8-ум байни аспҳои зоти англисӣ ва "Рахш” дар пойгаи 10-ум, ки низ байни аспҳои анлисӣ буд, сазовори ҷойҳои аввал шуда, шоҳҷоизаҳои пойгаи Душанберо насиби соҳиби худ кардаанд.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ҳарду аспи ғолиб аз аспхонаи Анӯшервони Рустам, писари хурдсоли шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва набераи президент Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Аспҳои Анӯшервони Рустам дар ҳарсе пойгаи ахире, ки аз моҳи сентябр ба ин тараф дар пойтахти Тоҷикистон доир шуданд, шоҳҷоизаҳоро ба даст оварданд.

Аз ҷумла дар пойгаи рӯзи 16 сентябр дар Наврӯзгоҳи Душанбе, ки ба муносибати иди истиқлоли Тоҷикистон доир шуд, аспи набераи президент бо лақаби Рахш соҳиби ҷоизаи аввал – мошини "Мерседес” шуд. Аспи дигари Анӯшервони Рустам бо лақаби "Шарқ” дар пойгаи рӯзи 21 ноябр, ки дар Наврӯзгоҳи Душанбе ба муносибати Соли ҷавонон доир шуда буд, низ соҳиби ҷоизаи аввал – мошини "Мерседес” шуда буд.

"Рахш” ва "Шерхон-Дарк” ба соҳибонашон автомошина оварданд

Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 31 март дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ”-и Душанбе мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми "Пойтахт-2018” баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ беҳтарин чобуксаворон аз кишварҳои ҳамсоя ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.


Чобуксаворон дар масофаҳои 1000 метр, 1600 метр ва 2000 метр дар 10 марҳила сабқат карданд.

Натиҷаҳои пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми "Пойтахт-2018”:

Пойгаи 1-ум, аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ. 1600 метр
1. "Звезда” – 1,54
2. "Аттор” – 1,56
3. "Виёл” – 2,0

Пойгаи 2-юм, аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ. 1600 метр
1. "Тадриҷ” – 1,57
2. "Ҷайҳун” – 2,03
3. "Немо” – 2,08

Пойгаи 3-юм, аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ. 1600 метр
1. "Сарват” – 1,53
2. "Рашт” – 1,59
3. "Гамбит” – 2,07

Пойгаи 4-ум, аспҳои 2-солаи зоти тоҷикӣ. 1000 метр
1. "Рамз” – 1,10
2. "Гуланг” – 1,11
3. "Генерал” – 1,15

Пойгаи 5-ум, аспҳои 2-солаи зоти англисӣ ва ахалтекинӣ. 1000 метр
1. "Райҳона” – 1,05
2. "Вахш” – 1,07
3. "Зайтун” – 1,10

Пойгаи 6-ум, аспҳои 3-солаи зоти тоҷикӣ. 1600 метр
1. "Бомдод” – 1,49
2. "Лола” – 1,51
3. "Приз” – 1,54

Пойгаи 7-ум, аспҳои зоти ахалтекинӣ. 1600 метр
1. "Гарсеваз” – 1,57
2. "Торнадо” – 1,58
3. "Тилу” – 1,59

Пойгаи 8-ум, аспҳои 3-солаи зоти англисӣ (шоҳҷоиза автомашинаи тамғаи "РАВОН”). 1600 метр
1. "Шерхон – Дарк” – 1,40
2. "Роҷеъ” – 1,42
3. "Веспойт – Шер” – 1,47

Пойгаи 9-ум, аспҳои 4-солаи зоти тоҷикӣ. 2000 метр
1. "Горес” – 2,19
2. "Вибролон” – 2,20
3. "Энергетик” – 2,20,05

Пойгаи 10-ум, аспҳои 4-солаи зоти англисӣ (шоҳҷоиза автомашинаи тамғаи "РАВОН”). 2000 метр
1. "Рахш” – 2,04
2. "Лаъл” – 2,06
3. "Шарқ” – 2,07

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон