расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Рӯҳонии тоҷик Хайриддини Абдуллоҳро пас аз 8 моҳи боздошт озод кардаанд

Асосӣ / Ҷомеа

Рӯҳонии тоҷик Хайриддини Абдуллоҳро пас аз 8 моҳи боздошт озод кардаанд



Хайриддини Абдуллоҳ

Хайриддини Абдуллоҳ (Хайриддин Доcтаков), рӯҳонии 35-солаи тоҷикро баъд аз ҳашти моҳи боздошт озод кардаанд.
Ин рӯҳонии тоҷики муқими Русия рӯзи 29-уми декабри соли 2019 ҳангоми бозгашт аз Маскав ба Душанбе дастгир шуда буд. Мақомот ӯро ба ифротгароӣ муттаҳам мекарданд, вале наздикон ба бегуноҳияш пойфишорӣ доштанд.
Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "Хайриддини Абдуллоҳ ҳамин рӯз аз боздоштгоҳ раҳо шуд". Ин манбаъ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "нисбат ба ӯ тафтишот сурат гирифт, баъд озод карданд. Вай дигар дар ҳабси пешакӣ нест."
Аммо манбаъ дақиқ нагуфт, ки ӯро ҳангоми мурофиа аз толори додгоҳ озод карданд ё далелҳои парвандааш тасдиқ нашуд ва ё мавриди афв қарор гирифт.
Парвина Илолиева, ҳамсари Хайриддини Абдуллоҳ, рӯзи 25-уми август дар суҳбати телефонӣ озодии рӯҳонии ҷавонро тасдиқ кард ва гӯширо ба худи ӯ дод. Хайриддини Абдуллоҳ дар суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, айни замон дар озодӣ аст, вале мехоҳад бештар бо хонавода бошад.
"Ҳамин рӯз озод шудам, 8 моҳ дар ҳабси пешакӣ будам. Дар Душанбе ҳастам, каме истироҳат кунам, аҳли хонаводаро ба серӣ бубинам, баъд муфассал суҳбат мекунем", -- афзуд ӯ.
Ба суолҳои батакрори мо дар бораи он ки таҳти чӣ шароит раҳо шудааст, гуфт, "тафтишот шуд, чизе наёфтанд, шубҳаҳо тасдиқ нашуд. Фаъолиятам дар Русия аз рӯйи қонун буд. Дар ҳашт моҳ фаъолияти 19-солаи маро дар Русия тафтиш карданд. Камбуд наёфтанд, парванда нисбат ба ман қатъ шуд, ман доғи судӣ надорам."
Қаблан наздикони Хайриддини Абдуллоҳ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ зери шиканҷа иттиҳоми ифротгароиро ба дӯш гирифтааст. Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи январ иддаои шиканҷа шудани ӯро рад карда ва гуфтанд, рӯҳонии ҷавон ба тарғиби, ба қавли онҳо, "ақидаҳои ифротӣ машғул буд".
Ӯ бар асоси ду банди моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” ва “Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” гумонбар мешуд.
Дар пай эълони иттиҳомот нисбат ба ӯ, наздиконаш иддао мекарданд, ки вай баръакс, солҳо дар Русия ба зидди тундравон мубориза бурдааст.
Хайриддини Абдуллоҳ бо фаъолиятҳои илмиву мазҳабии худ машҳур аст. Ӯ таҳсилкардаи Эрон буда, дар Русия кору зиндагӣ мекард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ба таблиғи мазҳаби шиа дар миёни муҳоҷирон муттаҳам мекарданд, аммо худи ӯ борҳо ин иддаоро бепоя хонда буд.
Ду сол пеш роҳбарии бахши дини Федератсияи муҳоҷирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), як созмони ҷамъиятиро ба уҳда дошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.