Номбардори футболи тоҷик 60-сола шуд

13 март собиқадори футболи тоҷик, хуҷумкунандаи дастаи овозадори «Помир» (Душанбе), собиқ мураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон  Игнатович Манасян Вазген 60-сола шуд.

Вазген Игнатович  Манасян 13 марти соли 1958 дар шаҳри  Душанбе ба олами ҳастӣ чашм кушодаст. Унвони Устоди варзиши СССР-ро соли 1988 сазовор гардида, айни замон мураббигиро касб намудаст.

Вазген футболро айёми бачагиаш дар майдончаҳои пойтахт  аз худ кардаст. Дар солҳои 1968-1970 иштирокчии фаъоли мусобиқаҳои умумииттифоқии «Тӯби чармин» буд. Баъд дар мактаби варзишии бачагону наврасони №5-и назди варзишгоҳи «Спартак» дарсҳои маҳорати футболро аз мураббиҳо Валерий Файзраҳмонов ва Валерий  Корчеев гирифтаст. Дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, ки донишҷӯяш буд, ҳамчун узви дастаи донишкада дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок мекард. Вазген мавсими аввалинаш дар «Помир» 46 бозӣ  карда, 16 гол мезанад.

Соли 1979 ӯро ба ҳайати дастаи «Помир», ки дар лигаи аввали СССР баромад мекард,  даъват  намуданд. Аввал дар ҳайати дуюм ва баъди як сол дар ҳайати асосии даста ба майдон баромада, маҳорати хуби техникӣ нишон медод. 31 майи соли 1987ҳангоми бозӣ дар сафар бар зидди «Ростсельмаша» голи 100-умашро задаст Дар мавсими соли  1988 бо 120 гол нишонзани беҳтарин эътироф гардида, барои ба лигаи олии СССР роҳхат гирифтани даста саҳм  гирифт.

В. Манасян баъди пошхӯрии СССР моҳи апрели соли 1992 аз дастаи «Помир» ба «Зенит»-и Ленинград гузашт. Пас аз ин ба дастаи лигаи якуми Украина «Ворскла» рафта, шаҳрвандии ин кишварро соҳиб гардид.

Бозии футболро соли 1996 дар ҳайати дастаи «Индустрия» (Боровск)-и лигаи дуюми Русия ба итмом расонда, мураббигии дастаҳои «Волочанин-Ратмир», «Новороссийск»-ро ихтиёр намуд. Солҳои 2013-2015 год Вазген Манасян ёвари сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон шуда фаъолият кард.

Айни замон мураббии калони ҳайати дуюми дастаи «Локомотив»-и Тошканд мебошад.

Мухлисони футболи тоҷик, аз ҷумла ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Вазген Игнатович  Манасянро бо шасти умраш табрик намуда, барояш ҳамаи хушиҳои  зиндагиро таманно мекунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон