МАШҚИ БАДАН БАРОИ МАНСАБДОРОНИ ТОҶИК ҲАТМӢ ШУД

Аз ин ба баъд кормандони идораҳои давлатии Тоҷикистон бояд ҳар рӯзи шанбе аз соати 7-00 то 7-30 ба таври дастаҷамъона машқи бадан кунанд. Кумитаи ҷавонон ва варзиш бо нашри нақшаи ин машқҳо мегӯяд, ин ин ташаббус таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар партави президент Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.

 

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони"Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Пайми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018”-ро нашр кард.

Бар асоси ин нақша, кормандони идораҳои давлатӣ ва ҳамин тавр, донишҷӯён бояд бо навбат ҳар рӯзи шанбе аз соати 7-00 то 7-30 ба сурати дастаҷамъӣ барои машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳозир шаванд. Ин машқҳои дастаҷамъӣ аз рӯзи 24 феврал оғоз ёфтаанд. Аз ҷумла, тибқи ин нақша, рӯзи шанбеи 10 марткормандони вазорати саноат дар Боғи Парчам, кормандони вазорати фарҳанг дар Боғи Рӯдакӣ ва кормандони донишгоҳи тиббӣ дар Боғи Айнӣ машқи пагоҳирӯзӣ доштаанд. Коргарони вазорати тандурустӣ дар ин рӯз дар назди шаршараи Наврӯзгоҳ ва аҳли коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дар Боғи ҷавонон машқи бадан кардаанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 17 март кормандони Кумитаи телевизион ва радио дар Боғи Парчам, кормандони кумитаи замин дар Боғи Рӯдакӣ, аҳли донишгоҳи омӯзгорӣ дар Боғи Айнӣ ва кормандони Кумитаҳои муҳити зист, занону оил ва забону истилоҳот дар назди шаршараи Наврӯзгоҳ барои машқи пагоҳирӯзӣ ҷамъ хоҳанд омад.

Талоши ҷалби кормандони идораҳои давлатӣ ба варзиш ташаббуси наве нест.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳанӯз моҳи ноябри соли 2016 дастур дода буд, ки кормандони милиса ҳар ҳафта 5 километр кросс бидаванд ва машқҳои дигари варзишӣ кунанд. Бар асоси фармони Раҳимзода, кормандоне, ки вазни аз меъёр зиёд доранд, аз сафи милиса ронда мешаванд. Дар нишасти хабарии вазорати дохила дар моҳи январ гуфта шуд, ки ҳудуди 20 корманди милиса, ки ба талаботи нав тоб наоварданд ва вазни худро кам накарданд, аз кор рафтанд.

Рамазон Раҳимзода аз сардори раёсати кадрҳои вазораташ Сӯҳроб Раҳмонзодаро мисол овардкитавонистааст дар як сол 15 кило вазни худро кам кунад.

Вазири корҳои дохилаи ТоҷикистонРамазон Раҳимзода дар моҳи ноябри соли 2016 расман дастурдодки тамоми кормандони ин вазорат вазнашонро бо қадашон мутобиқ кунандДар дастуреки батамоми идораҳои корҳои дохила дар Тоҷикистон ирсол шудаастаз ҷумла гуфта мешавадки вазни корманди милиса бо қади 168-170сантиметр набояд аз 75 кило боло бошад.Раҳимзодабаъдан ба хабарнигорон гуфтбарои иҷрои ин дастур як комиссияи вижа низ дар раёсати тандурусиивазорат таъсис додаанд.

Раҳимзода як сол пеш дар шарҳи тасмимаш барои мубориза бо милисаҳои фарбеҳ гуфтвақте милисафарбеҳ шудтабъан кораш суст мешавад ва аз ин рӯонҳо вазни кормандони вазоратро зери назоратгирифтаанд:"Ман амр додамки вазни кормандони вазорат ба тартиб оварда шавадчунки милиса агар фарбеҳ шудкораш ҳам сусттар мешавад.Дар вазорат бояд қадувазни кормандон аз рӯи талабот бошадДар мавриди фарбеҳӣ ҷадвали байналмилалӣаст ва ин талабот хоси Тоҷикистон набудадар дигар кишварҳо низ ҳаст.

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки худаш ба варзиш ва фитнес сахт алоқа дорад, низ ба аъзои ҳукуматаш амр додааст, ки ба толорҳои варзиш бираванд, вагарна ягон вазири фарбеҳро дар ҳукуматаш нигоҳ нахоҳад дошт.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар идораҳои давлатӣ ва мактабҳои миёна ва олии Туркманистон, бо амри Бердимуҳаммадов, чандин сол боз амри ҳатмӣ шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон