МУИН ТОҶИК: ОРЗУИ МАН НАБАРД БО ҲАБИБ НУРМАГОМЕДОВ АСТ (ВИДЕО)

Размандаи тоҷик Муин Ғафуров, маъруф бо номи Муин Тоҷик, дар байни размандагони ҷавони СНГ аз ҳама номдор дониста мешавад. Ӯ ҳамагӣ 21 сол дорад, вале бо вуҷуди синни ҷавонаш алакай дар мусобиқоти муътабари ҷаҳонӣ комёбиҳои бузург ба даст овардааст. Муин Тоҷик мегӯяд, орзуяш як набард бо паҳлавони маъруф Ҳабиб Нурмагомедов аст.

 

 

Муин Ғафуров чемпиони ҷаҳон дар гуштини размӣ (WCSF), чемпиони ҷаҳон дар грэпплинг (FILA), чемпиони ҷаҳон дар варзиши ММА (WKA), устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ дар гуштини самбои размӣ аст. Соли 2016 Муин Ғафуров бо созмони маъруфи осиёии ONE Fighting Championship Team қарордод баста,сипас бо ҳадафи роҳ ёфтан ба чемпионати беҳтарин размандагони дунё оида ба муҳорибаҳои омехта, ки созмони ҷаҳонии UFC баргузор мекунад, дар Лас-Вегес аз тамринот гузаштю

Муин хеле барвақт ба машқи варзиш оғоз кард. Ӯ футболро хеле дӯст медошт ва дар ҳавлии хонаашон аз субҳ бо шом тӯббозӣ мекард. Алакай аз синни 7-солагӣ ба машқи футбол мерафт ва мехост ҳуҷумкунанда шавад.

Вале амакҳои Муин – гуштингирон Ҳотам. Аҳтам, Аъзам ва Рустам мехостанд ки ҷияни онҳо ба варзишҳои размӣ машғул шавад. Аз ин рӯ, ӯро пайваста ба худ ба толор буда, самбои размиро ёдаш медоданд. Дар оғоз Муини хурдсол ба самбо чандон алоқа надошт ва аз толор гурехта, ба варзишгоҳ мерафт, ки бо ҳамсолонаш футбол бозӣ кунад.

Вале баъди нахустин комёбиҳояш дар мусобиқаҳо алоқаи Муин ба варзишҳои рамзӣ афзуд ва акнун ӯро аз машқҳо канда намешуд. Дар як фурсати кӯтоҳ номи Муин дар мусобиқаҳо бештару бештар садо медод. Ду соли охир пурмуваффақияттарин солҳо дар собиққаи ин варзишкори ҷавони умедбахш шуд. Ӯ дар мусобиқаҳои касбӣ 11 маротиба ба майдон баромада, дар 10 набард пирӯзӣ ба даст овардааст.

Як имтиҳони ҷиддӣ барои ин размандаи ҷавон мусобиқаи соли 2014 буд. Дар ин сабқат тими яккачини Тоҷикистон, иборат аз размандагони Лигаи самбои размӣ ва муҳорибаҳои омехта (ММА) аз бошгоҳи варзишии «Тоҷ Файтер», дар набардҳои вазнин дар самбои размӣ мусобиқоти мавсум ба «Персидское нашествие» ("Ҳамлаи эронӣ”) ширкат варзид. Дар ин мусобиқа беҳтарин размандагони Тоҷикистон ва Русия дар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Муин Ғафуров дар ин мусобиқа бар чемпиони ҷаҳон дар варзиши ушу-саньда Магомед Абдуллоев пирӯз омад.

Набарди ин ду паҳлавони дар вазни худ беназир хеле ҷолиб буд. Дар оғози набард размандаи доғистионӣ пешсафӣ дошт, вале Муин дар ниҳоят ташаббусро ба даст гирифт ва бо иҷрои чанд усули моҳирона рақиби номдорашро маҷбур кард, ки таслим шавад.

 

Муин Ғафуров мегӯяд: "Ҳар як набард имтиҳони ҷиддӣ аст, ҳар як рақиб паҳлуҳои қавии худашро дорад. Вале дар байни набардҳои анҷомшуда бархеаш аҳамияти вижа доранд. Барои мисол, яке аз чунин набардҳо бо размандаи фаронсавӣ Николас Ҷуанес моҳи октябри соли 2014 дар мусобиқи байналмилалӣ барои ҷоми "Исмоили Сомонӣ III " сурат гирифт. Рақиби ман дар даври қаблӣ як размандаи моро нокаут карда буд ва пирӯзӣ бар вай як мавзӯи усулӣ буд. Ман хостам интиқоми ҳамдастаамро бигирам. Тамошобинон низ ҳама мунтазири замин буданд. Ва ман шодам, ки тавонистам дар он набард рақибамро шикаст бидиҳам.”

Дар ҳақиқат, он набарди Муин Тоҷик бо паҳлавони фаронсавӣ дар толори варзишии "Элит”-и Душанбе муҳимтарин рӯйдоди он рӯз буд ва то дер дар ёди мухлисон монд.

Маҳорати фавқулоддаи варҳишкори ҷавони тоҷик аз мадди назари мутахассисони хориҷӣ низ дур намонд. Ахиран созмони осиёии ONE Fighting Championship Team ба Муин Ғафуров қарордод баст.

Ва моҳи сентябри соли гузашта Муин Тоҷик дар Ҷакарта, пойтахти Индонезия нахустин набардаш дар сатҳи касбии ҷаҳониро баргузор кард. Рақиби вай размандаи амрико Кэйси СуайрбудМуин ба ин набард таҳти роҳбарии мураббии ботаҷриба Аъзам Хокиров тайёрӣ дид. Муин махсус барои ин набард ба Таиланд рафт, то асрори варзишҳои размиро аз размандаи шӯҳратёр, чемпиони UFC Майк Свик биомӯзад.

Дар натиҷа, набарди Муин бо Кейси зиёд тӯл накашид. Чанд силсила зарбаҳо ва як зарбаи дақиқ бо по ва Кейси нокаут гирифт.

Баъди ин Муин Тоҷик бо размандаи финн Тони Тауру вориди набард шуд. Ин рақобат дар шаҳри Чаншаи Чин низ бо пирӯзии мутлақи паҳлавони тоҷик анҷом ёфт.

 

Муин Тоҷик дар бора лақабаш мегӯяд:"Лақаби Муин Тоҷик тасодуфан ба ман часпид. Дар Ҷоми ҷаҳон дар Ялта барандаи машҳури мусобиқаҳо Александ Загорский пеш аз эълони баромади ман, хоҳиш кард, ки зуд барои худ ягон лақаб биёбам. Вақти фикркунӣ набуд ва ҳамин тавр, ябора гуфтем, ки Муин Тоҷик. Ҳамин тавр, ин лақаби ватандӯстона лақаби ман шуд.”

Муин хонаи волидонашро "гӯшаи хушбахтӣ” меномад ва мегӯяд, дӯст медорад, вақте онҳо ҳама – ӯ, модараш, бародаронаш гирди як дастурхон ҷамъ мешаванд: "Ғизои хушмаззаттар аз шӯрбоеро, ки модарам мепазад, ман дар ягон тарабхонаи дунё надидаам.”

Муин Тоҷик мегӯяд, ду орзу дорад:"Дар ояндаи наздик мехоҳам ба UFC – созмони асосии ҷаҳонӣ дар навъи варзиши муҳорибаҳои омехта роҳ биёбам. Як орзуи ман набард бо размандаи маъруф Ҳабиб Нурмагомедов аст. Ман сабки набарди ӯ ва иродаи размандагии ӯро дӯст медорам.”

 

 

назари худро нависед
всё людям)))

---
Замечательно, весьма ценный ответ двери межкомнатные белорусские, двери межкомнатные тольятти и берег ульяновск официальный сайт двери иркутск межкомнатные
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон