ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК … ДАВИД МАВУТОР

Футболбози зодаи кишвари африқоии Ғана Давид Мавутор, ки соли 2016 шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст овардааст, ба бошгоҳи футболи "Жетису”-и Қазоқистон гузашт. Давид Мавутор дар ҳайъати дастаҳои "Равшан”-и Кӯлоб ва "Истиқлол”-и Душанбе 5 маротиба қаҳрамони футболи Тоҷикистон шудааст.

 

Давид Мавутор, бозигари собиқи бошгоҳҳои футболи "Равшан”-и Кӯлоб ва "Истиқлол”-и Душанбе барои як сол боз дастаи "Жетису”-и Қазоқистон қарордод имзо кардааст. Дастаи "Жетису” аз шаҳри Талдиқӯрғон имсол ба лигаи олии футболи Қазоқистон роҳ ёфт ва дар пайи тақвияти ҳайъаташ аз ҳисоби бозигарони пуртаҷриба мебошад.

Қарордоди байни "Жетису” ва Давид Мавутори 25-сола то поёни соли 2018 имзо шудааст. Гуфта мешавад, ки Мавутор алакай ба дастаи "Жетису” пайваста, ҳамроҳи ин бошгоҳ дар Туркия тамрин мекунад.

Давид Мавутор соли 2012 ба Тоҷикистон омад ва тайи 5 сол дар ин кишвар дар ҳайъати дастаҳои "Равшан”-и Кӯлоб ва "Истиқлол”-и Душанбе бозӣ кард. Ӯ дар ин муддат 5 маротиба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон, се дафъа Ҷоми футбол ва се се дафъаи дигар Шоҳҷоми футболи ин кишварро ба даст овардааст.

Дар соли 2016 ба хотири ин ки роҳи ширкати Давид Мавутор дар ҳайъати тими миллии футболи Тоҷикистон боз шавад, ба ин футболбози африқоӣ шиносномаи тоҷикӣ доданд. Вале Мавутор то кунун дар ҳайъати тими миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ накардааст. Интизор меравад, ки дебюти ӯ дар тими миллӣ баҳори соли равон доир шавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон