ПИРӮЗИИ МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАИ БОКСИ КАСБӢ

Муштзани маъруфи тоҷик Муҳаммадхӯҷа Яъқубов, зодаишаҳри Исфара , шоми 12- уми февралдар шаҳри Екатеринбурги Россия дар мусобиқаи бокси касбӣ ҳарифи 21-солааш Марк Урвановро мағлуб карда, унвони чемпиониро дар ду бахш: «IBF Baltic ва WBAContinental» ба даст овард.

Ин қаҳрамони 23-солаи тоҷик дар байни мардон яке аз беҳтаринҳо дар Осиё дониста мешавад. Муҳаммадхӯҷа Яъқубов дар бокси касбӣ то ба имрӯз 11 маротиба пирӯз гардида, аз ҷумла дар 7 муҳориба ҳарифонашро бо нокаут( ҳолати беҳушӣ) мағлуб намудааст. Муҳаммадхӯҷа Яъқубов ҳоло дар шаҳри Санкт- Петербурги Россия зиндагӣ ва тамрин мекунад. Ӯ бо дастгирӣ ва сарпарастии чанд тан аз соҳибкорони ҳамватанамон дар Русия дар мусобиқаҳо ширкат мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон