ХУШХАБАР!!! ТОҶИКИСТОН БА ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ РОҲ ЁФТ!!!

Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 4 декабр Тоҷикистонро ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – мӯътабартарин мусобиқаи байни дастаҳои ин қора роҳ дод. Қаҳрамони соли ояндаи футболи Тоҷикистон метавонад алакай дар мусобиқаҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё -2019 ширкат кунад.

 

Хабари ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – мӯътабартарин мусобиқаҳои байни дастаҳои футболи ин қора роҳ ёфтани Тоҷикистонро корманди масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашевдар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард.

Бино ба навиштаи Нуралӣ Хоркашев ин қарори Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 4 декабр дар як семинари ин ниҳоди варзишӣ дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия эълон шудааст. Гуфта мешавад, Тоҷикистон бо шарофати ҳунарнамоии хуби дастаи "Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ба шарафи иштирок дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё даст ёфтааст. "Истиқлол” ду соли охир ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми КФО роҳ ёфта буд.

Нуралӣ Хоркашев дар хабари дар Фейсбук нашркардааш менависад:

 

ХУШХАБАР!!!
РАСМӢ: ТОҶИКИСТОН ДАР ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ!!!
Худи ҳозир дар семинари Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар Куала-Лумпури Малайзия доир гашта истодааст, хабар доданд, ки ба шарофати баромади бомуваффақияти КФ "Истиқлол” дар Ҷоми КФО Тоҷикистон аз рӯи рейтинги техникӣ дар минтақаи "Ғарб” ба мақоми ҳафтум баромад. Ин далели он аст, ки чемпиони Тоҷикистон-2018 дар Лигаи чемпионҳои Осиё-2019 баромади худро аз марҳилаи плей-офф оғоз мекунад!
Ин дастоварди бузургро ба тамоми мухлисони футболи ватанӣ шодбош мегӯем!!!

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон