ИСМИ 15 БАРАНДАИ СТИПЕНДИЯҲОИ КУМИТАИ ОЛИМПӢ ЭЪЛОН ШУД

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон исми 15 варзишгари тоҷике, ки барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио аз Кумитаи байналмилали олимпӣ стипендия мегиранд, эълон кард. Ин стипендияҳо ба маблағи моҳонаи аз 200 то 900 доллар тайи се сол то поёни Бозиҳои олимпии соли 2020 дода мешаванд.

Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 2 декабр дар бинои ин кумита, ки аз ҷониби ширкати "Фароз” тармим шуд, доир шудааст. Раҳбари ширкати "Фароз” Шамсулло Соҳибов яке аз муовинони президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон аст. Раҳбарии ин ниҳодро худи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад.

Маркази матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар дод,ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 15 варзишгари тоҷик барои дарёфти стипендияҳо дар чорчӯби барномаи "Дастгирии молиявии варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи Токио-2020”-ро тасдиқ кардааст. Ин стипендияҳо аз 1 сентябри соли 2017 то 31 августи соли 2020 – ҷиҳати омодагӣ ва дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 дода мешаванд.

Маркази матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон меафзояд:"Ҳамин тариқ, аз дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии олимпӣ варзишгарони зерин бархӯрдор мегарданд:

Назаров Дилшод (варзиши сабук) – 900 доллари ШМА;

Устопириён Комроншоҳ (дзюдо) – 700 доллари ШМА;

Саидов Саидҷалол (дзюдо) – 700 доллари ШМА;

Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо) – 500 доллари ШМА;

Искандари Рустам (гуштини озод) – 500 доллари ШМА;

Даминов Шаҳриёр (қайиқронӣ) – 450 доллари ШМА;

Боқиев Суҳроб (дзюдо) – 350 доллари ШМА;

Маҳмадбеков Сомон (дзюдо) – 350 доллари ШМА;

Негматуллоев Шаббос (бокс) – 350 доллари ШМА

Баҳромзода Фарангис (каратэ) – 200 доллари ШМА;

Ғаффорова Мадина (бокс) – 200 доллари ШМА;

Зулқайнарова Шоира (бокс) – 200 доллари ШМА;

Климик Карина (шиноварӣ) – 200 доллари ШМА;

Қаландарова Шоҳида (дзюдо) – 200 доллари ШМА;

Пронженко Кристина (варзиши сабук) – 200 доллари ШМА.

Кумитаи олимпии Тоҷикистон гуфт, ин бори авва ласт, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои се сол варзишгарони тоҷикро таҳти пуштибонии молиявӣ мегирад. Қаблан стипендияҳои олимпӣ барои ду сол дода мешуданд.

Федератсияҳои варзишии Тоҷикистон исми 30 довталабро барои дарёфти стипендияҳои олимпӣ пешниҳод кардаанд, вале кумитаи байналмилалии олимпӣ барои Тоҷикистон 15 квота ҷудо карда, ин 15 нафарро бар асоси натиҷаҳои нишондодаашон интихоб кардаанд.

Бар илова, ширкати «Фароз» барои Беҳрӯз Хоҷазода, ки ахиран дар Сочи баъди 42 сол рекорди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимовро такрор карда, дар гуштини самбо қаҳрамони ҷаҳон шуд, 2000 сомонӣ стипендияи моҳона ҷудо кардааст. Ба Беҳрӯз Хоҷазода ва Дилшод Назаров ҳамчунин сертификати ширкати «Фароз» барои истифодаи ройгон аз хидматрасониҳои маҷмаи «СПА Ҳаёт» супурда шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон