ТЕҲРОН: БО ТОҶИКИСТОН ОШТӢ КАРДЕМ

 

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон сафари вазири хориҷаи он кишвар Ҷавод Зариф ба Тоҷикистонро бомуваффақият номида, гуфтааст, музокироти оғозшуда байни Теҳрону Душанбе метавонад мулоқоти рӯбарӯи раисиҷумҳурони Эрону Тоҷикистонро ба дунбол дошта бошад. Зариф баъди ду соли танишҳои байни Тоҷикистону Эрон ҳафтаи гузашта аз Душанбе боздид кард.

 

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон сафари ахири вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф ба Тоҷикистону Узбекистонро бомуваффақият номид. Ӯ гуфт, мулоқоти Зариф бо ҳамтои узбекаш Абдулазиз Комилов дар ҳошияи анҷумани Самарқанд заминаро барои сафари раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Узбекистон ҳамвор кард.

Баҳром Қосимӣ дар айни замони мулоқоти рӯбарӯи Рӯҳонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ имконпазир донистааст. Ӯ дар шарҳи натиҷаҳои дидубоздидҳои Ҷавод Зариф бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 8 ноябр дар Душанбе доир шуданд, гуфт: "Дар Тоҷикистон мо ду мулоқоти хубу муфассале бо раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доштем. Дар ин дидорҳо масоил ба таври ошкор баррасӣ шуданд ва тавофуқоти нисбие ба даст омад.”

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ду ҷониб аз ҷумла тавофуқ кардаанд, ки дар моҳҳои оянда барои идомаи музокираҳо ҳайъатҳоро бифиристанд. Ҳамчунин, афзуд Баҳром Қосимӣ, рӯзи сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон иҷлосияи навбатии комиссияи байни давлатии ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар раъси вазирони энергетикаи ду кишвар баргузор мешавад.

Баҳром Қосимӣ таъкид кард, ки музокироти оғозшуда метавонанд заминаро барои оддӣ сохтани равобити Эрону Тоҷикистон фароҳам биоранд: "Музокироти оғозёфта бо Тоҷикистон метавонанд мулоқоти раисиҷумҳурони ду кишварро дар пай дошта бошанд. Бо дарназардошти муштарокти ду кишвар, сатҳи равобит метавонад то ба як сатҳи муносибтаре беҳбуд биёбад. Ин кор метавонад дар пайи сафари ҳайъатҳо иттифоқ биуфтад.”

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон рӯзи 8 ноябр бо як сафари якрӯза аз Душанбе боздид кард. Вазири хориҷаи Эрон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов мулоқот карда, дар расми гушоиши бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе ширкат кард.

Сафари раҳбари идораи сиёсати хориҷии Эрон ба Душанбе дар пасманзари танишҳое баргузор шуд, ки тақрибан ду сол боз дар равобити Душанбе бо Теҳрон идома доранд.

Мақомоти Тоҷикистон Эронро ба паноҳ додан ба раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва ҳимоят аз ин ташаккули мухолифин айбдор мекунанд. Дар Теҳрон ба навбати худ қазияи миллиардер Бобаки Занҷониро ба Душанбе ёдовар мешаванд. Занҷонӣ дар Эрон бо ҷурми фасод ва тасарруфи беш аз 2 миллиард доллар пули фурӯши нафт ба қатл маҳкум кардаанд. Мақомоти Эрон бар ин назаранд, ки ин пулҳо дар Тоҷикистон ва тавассути бонкҳои ин кишвар обу лой шудаанд. Душанбе инро рад мекунад.

Мақомоти Эрон дар бад шудани равобити ду кишвари форсизабон кишварҳои сеюм ва зоҳиран Арабистони Саудиро гунаҳкор мекунанд.

Дар ҳар сурат, ин танишҳо ба ҳадде ҷиддӣ шудаанд, ки дар баҳори имсол Тоҷикистон ба унвони узви муассиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба пазируфтани Эрон ба узвияти ин созмон мухолифат кард. Бар илова, ахиран дар телевизионҳо ва матбуоти давлатии Тоҷикистон силсилаи филмҳои мустанад ва мақолаҳое нашр шуданд, ки дар он Эрон ба маблағгузории қатлҳои пурсарусадо дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва таблиғи мазҳаби шиа дар Тоҷикистони аксари аҳолиаш пайрави мазҳаби суннӣ айбдор мешуд.

Ба ақидаи бархе нозирони умур, сафари ахири вазири хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон ва азми Душанбеву Теҳрон барои ҳалли танишҳо ва оддӣ сохтани равобиташон бо миёнаравии Русия сурат гирифтааст. Русия бо Эрон дар масоили Сурия ва Афғонистон муштаракоти зиёд дорад ва таниши як кишвари муттаҳидаш – Тоҷикистон – бо Эрон дар ин росто ба сӯди Маскав нест.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон