расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Рустами Эмомалӣ ба гузоштани қуттиҳои почта дар хонаҳои сокинони шаҳр дастур дод

. / Ҷомеа

Рустами Эмомалӣ ба гузоштани қуттиҳои почта дар хонаҳои сокинони шаҳр дастур дод

Дар ҷойҳое, ки онҳо пештар вуҷуд доштанду сипас канда шуданд, сокинон аз ҳисоби худ қуттиҳоро мегузоранд.


Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ дастур дод, ки дар ҳамаи биноҳои истиқоматии пойтахт қуттиҳои почта гузошта шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод.
Дар биноҳои баландошёна ва ҳавлиҳое, ки онҳо пештар вуҷуд доштанду сипас канда шуданд, сокинон аз ҳисоби худ қуттиҳоро мегузоранд.
Қуттиҳои почта дар биноҳои нав низ аз ҳисоби бинокорони манзилҳо гузошта шуда, бе қуттиҳои почта комиссия хонаро ба истифода қабул намекунанд.
Қуттиҳои нави почта дар якчанд корхонаҳои саноатии шаҳр сохта мешаванд.
Ба савол дар бораи чӣ зарурат доштани онҳо, дар шаҳрдорӣ посух доданд, ки бо гузоштани қуттиҳои почта мушкили расонидани матбуоти даврӣ ба обуначиён, ки доимо аз нагирифтани газета ё рӯзномае шикоят мекунанд, роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.
Ғайр аз ин, шаҳрдорӣ бо ин тасмим ба масъалаи “часпонидани эълонҳои сершумор ва реклама дар дари даромадгоҳ ва деворҳо” хотима бахшиданист.
Ҳамчунин минбаъд нозирон низ расид (квитансияҳо)-и пардохти пули барқ, гармӣ, об ва дигар хизматрасониҳоро ба қуттии почта гузошта метавонанд. Ҳозир расидҳо дар қабати дар гузошта мешаванд, ки гум шуда метавонад.
Дар шаҳрдорӣ бар ин назаранд, ки қуттиҳои почта инчунин барои расонидани огоҳиномаҳо аз мақомоти андозу суд, даъватнома ба артишу маъракаи интихобот ва дигар чорабиниҳо заруранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.