Артиши Сурия охирон такягоҳи "Давлати исломи"-ро аз худ кард

Артиш барои тоза кардани шаҳр аз дастгоҳҳои тарканда ва минаҳои гузоштаи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" амалиёти поксозиро ба роҳ мондааст.

 

Манбаъ аз — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории РИА Новости артиши Сурия шаҳри Абу-Камолро, ки охирин такягоҳи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон)  буд, зери назорат гирифт.

 

Бино ба иттилои манбаъ, низомиён  барои тоза кардани шаҳр аз дастгоҳҳои тарканда ва минаҳои гузоштаи ҷангиёни ДОИШ амалиёти поксозиро ба роҳ мондаанд.

 

Тавре намояндаи артиши Сурия зикр намуд, бинобар ҳамлаҳои шадиди артиши ҳукуматӣ ва неруҳои иттифоқчиён террористон рӯ ба фирор овардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷангиён ба деҳаи Ал-Сукария ақибнишинӣ карда, тавассути дарёи Фурот ба соҳили шарқӣ мегузаранд.

 

Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки артиши Сурия шаҳри Абу-Камолро ҳадафи тирандозӣ қарор додааст. Минтақаи мазкур то ин дам зери зарбаҳои неруҳои ҳавоии Русия ва мушакҳои болдори "Калибр" қарор гирифт.

 

Ёдовар мешавем, ки дар давоми ду моҳи охир ба артиши Сурия муяссар гардид, ки дар озод намудани ҳудудҳои кишвар аз террористон ба пешравиҳои назаррас ноил гардад. Аввали моҳи сентябр муҳосираи сесолаи Дайр-уз-Зор барҳам дода шуд ва миёнаи моҳи октябр неруҳои ҳукуматӣ истеҳкомоти муҳими дигари гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" — шаҳри Маёдинро зери назорат гирифтанд. Ҳамчунин 3 ноябр шаҳри Дайр-уз-Зор пурра озод карда шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон