расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Изҳороти Маркази матбуоти ВКД

Асосӣ / Ҳаводис

Изҳороти Маркази матбуоти ВКД


Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба қазияи шаҳрванд Одинаев Маҳмурод Шарифович, соли таваллудаш 1962, зодаи деҳаи Боғаки ноҳияи Рӯдакӣ, сокини деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки оилаи носолим дошта, дар ҷомеа ҳамчун шахси моҷароҷӯ шинохта шудааст ва пайваста ба бофтану паҳн намудани маводи бардурӯғ, иғвоангез бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ машғул мебошад. Аз ҷумла:
- нисбат ба номбурда соли 2012 аз тарафи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ бо моддаи 112 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон («қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ») парвандаи ҷиноятӣ №2931/13 оғоз карда шудааст.
- писараш Ризоев Суннатулло Маҳмуродович, соли таваллудаш 1987, санаи 15-уми январи соли 2009 аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, нисбаташ бо моддаи 110 қисми 3 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардидааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Айни замон дар Муассисаи ислоҳии №3/3 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамояд.
- моҳи январи соли 2020 тавассути мухбири радиои «Паём.нет» дар шабакаи интернетии «Феесбук» хабари дурӯғ ва туҳматомезеро паҳн карда буд, ки гӯё аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия писараш Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродович, соли таваллудаш 2000, рабуда шудааст. Дар ҳамин ҳолат, як рӯз баъд маълум гашт, ки писараш Одинаев Ҳ.М. бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ба муддати 10 шабонарӯз боздошт гардидааст.
-марги муқаррарии модараш Ҳабибуллоева Муҳаббатро, ки 27 сентябри соли 2020 дар синни 83 солагӣ вафот кард, тобиши сиёсӣ дода, дар байни атрофиён овоза паҳн намуд, ки аз тарси эҳтимолияти боздошти писараш (яъне худаш) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон вафот кард.
-Одинаев М. санаи 5-уми октябри соли 2020 тариқи сомонаи моҷароҷӯи «Паём.нет» видеороликеро паҳн кард, ки гӯё аз ҷониби мақомоти амниятӣ шаҳрванд Ҳакимов Алиҷон Ҷумъаевич (соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Чашмаи Моҳиёни ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор) барои сафарбар намудан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ боздошт шудааст, ки мубталои бемории рӯҳӣ мебошад. Ин хабар комилан бардурӯғ буда, танҳо барои паст намудани обрӯ ва манзалати мақомоти амниятӣ бофтаву пахш гардидааст. Зеро даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амният иртиботе надорад.
- паҳн кардани овозаҳо дар шабакаҳои интернетӣ вобаста ба лату кӯбӣ писараш Ризоев Шайхмуслиҳиддин шоми 4-уми октябри соли равон дар назди тарабхонаи «Шоми Шӯроб»-и деҳаи Шӯроби авғони ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ва тобиши сиёсӣ додани ин ҳодиса, иғвои навбатии Одинаев М.Ш. мебошад.
Писараш дар ҳолати сархушӣ бо дигар муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.
Мувофиқи санади тиббӣ-судӣ таҳти №867, аз 06.10.2020, номбурда ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ бардошта, худи Ризоев Ш. аз хулосаи ташхиси тиббӣ-судӣ огоҳ мебошад.
Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 6-уми октябри соли 2020 бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ таҳти №37896 оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.
Тафсилоти баррасии парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ расонаӣ карда мешавад.
Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон
https://vkd.tj/ 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.