Дар Варшава ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Полша баргузор гардид

Дар Варшава ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Полша баргузор гардид

 

Рӯзҳои 10-11 октябри соли 2017 дар шаҳри Варшаваи Полша ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша баргузор гардид.

 

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи мазкурро ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ- муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод ва муовини Вазири рушди Ҷумҳурии Полша Тадеуш Косчински роҳбарӣ намуданд.

 

Зимни кори Комиссияи байниҳукуматӣ вазъи кунунии ҳамкории иқтисодии дуҷонибаи Тоҷикистону Полша мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо раванди ҳамкории гуногунҷабҳаи мутақобилан судманди ҳарду кишварро мусбат арзёбӣ карда, зикр намуданд, ки иқтидори бузурги имкониятҳо ҳанӯз ҳам пурра истифода нагардидааст.

Бинобар ин зарур шуморида шуд, ки ҷонибҳо дар самти фаъол сохтани ҳамкории самаранок дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, бонкдорӣ, илм ва маориф, инчунин соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

 

Дар хотимаи кори ҷаласа Протоколи ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расид.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон