Холиқзода: Тағйирот ба қонун дар бораи ВМКБ таҳририянд

Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»-ро шарҳ дод. 

Абдураҳим Холиқзода имрӯз, 4 октябр дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳадаф аз тағйиру иловаҳои мазкур мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи Конститутсияи Тоҷикистон мебошад. Номбурда иброз дошт, ки тағйирот ба лоиҳаи қонун «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» аслан хусусияти таҳрирӣ дорад: ”Масалан дар ин ҷо калимаи Сарқонун ва баъзан мафҳумҳои дигаре аст, ки ба меъёрҳои конститутсиюнӣ мутобиқ карда мешаванд, чизи дигаре нест”.

Тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» рӯзи 3 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. 

Ба иттилои Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар ҷалсаи Шӯро, ҳамчунин тағғйиру иловаҳо ба лоиҳаҳои қонун «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ”, «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи бехатарии иншооти гидротехникӣ» низ матраҳ гардидааст.
 
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон