Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

 

Дар дунёи сиёсат ва роҳи пурмашаққати давлатдорӣ кам инсонеро муяссар мешавад, ки номи худро битавонад дар дида ва қалби ҳар шаҳрванди кишвараш ба некӣ сабт намояд. Ҷаҳон роҳбарону сиёсатмадорони зиёдеро дидааст, аммо ангуштшуморанд онҳое, ки аламбардор, пешво, роҳнамо ва машъали тобони халқу миллати хеш бошанд. Чӣ тавре ки аз таърихи давлату давлатдории башар маълум аст, дар ҳама давру замон аз миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа шахсиятҳое ба арсаи ҳаёт қадам мегузоранд, ки бо хизматҳои софдилонаю шоён ба халқу ватан, меҳру садоқат ба давлату миллат, сарсупоридагӣ дар роҳи озодиву истиқлоли меҳан ва рафтору гуфтори накўяшон дар дилу дидаи хурду калон ҷо мегиранд. Ва ҳамин амалҳои накўяшон боис мегардад, ки мардум худ ононро сарвар, роҳбар ва пешво интихоб намоянд. Бемуболиға, яке аз гунаи ин шахсиятҳои номвар, сиёсатмадори аслӣ, роҳбари ваҳдатовар, сарвари сулҳпарвар, президенти мардумӣ, дипломати башардўст ва яке аз поягузорони давлати навину ҷавони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин марди хирад, сиёсатмадори одил ва роҳбари тавоно ҳар лаҳзаи умри пурсамару пурбаракати худро содиқона ба рушду тараққиёти давлату миллат, таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдадти комил дар фазои меҳан ва пешбурди ҳаёти ҷомеа бахшида, бо кирдору пиндор ва хулқу атвори накўяш номи худро дар қалби кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой намудааст. Ва чунин ба назар мерасад, ки шоир ҳамин мисраъҳоро маҳз барои хизматҳою заҳматҳои шабонарўзӣ ва талошҳою ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат гуфта бошад:

 

Ҳар он чӣ некие аз мост бар оянда мемонад,

Нишони дасти мо дар ин Ватан поянда мемонад.

 

Танҳо инсони комил ва соҳибхирад қудрат дорад, ки ҷомеаи навину обод бунёд кунаду ба ин васила исми шариф ва кору пайкори накўяшро абадан дар дилу дидаи мардум ҷо намояд. Ин қабил инсон метавонад бо ҷонфидоӣ, нерўи ақлонӣ, боварӣ ба худу устуворӣ ба сухани хеш дар рушди маънавиёту фарҳанг, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва рушди соҳаҳои гуногуни ҷамъият саҳми арзанда гузошта, бо гуфтору рафтори ҳамидаи инсонӣ ва амалҳои шоистааш ба саҳнаи ҳаёт нуру зиё бахшад. Дар бисёр мавридҳо пойдории ҷомеа ба дониш, маҳорат, ахлоқ ва фазилатҳои хуби ин гуна ашхос пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки нақши шахс дар таърихи башар аз мавзўҳои басо ҷолиби улуми сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ба шумор рафта, саҳми ўро дар тамоми самтҳои ҳаётӣ ба эътибор мегирад.

Маҳз тавассути истиқлол миллату давлат озод аст ва ҳифзи ин арзиши нодиру бузург вазифаи басо масъулиятнок мебошад. Ва ҳамин вазифаи масъулиятнокро барои давлати навташкили мо Эмомалӣ Раҳмон бар дўш гирифтанд ва роҳи инкишофи ояндаи давлату миллатро низ муайян карданд.

Тоҷикистон аввали  солҳои навадум дар оташи ҷанги таҳмилии бародаркўшии бо дасти террористони наҳзатӣ роҳандозишуда меҷўшид ва давлату миллат дар вартаи нобудӣ қарор дошт. Наҳзатиҳо бо дастури хоҷагони хориҷии худ мехостанд, ки дар кишвар ақидаи мазҳабии шиъаро паҳн созаду бо барангехтани ихтилоф ба нияти ғализашон бирасанд. Он замон касе аз роҳбарони вақт натавонист, ки ба оташи ҷанг дар кишвар хотима бахшаду сулҳу суботро дар ҷомеа таъмин намояд ва халқи парокандаро сарҷамъ созад. Ана дар ҳамин марҳилаи хатарзо ва мураккаби таърихӣ, ин вазифаи масъулиятнок бар уҳдаи як фарзанди миллатпарасту меҳандўсти тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон вогузор карда шуд. Ў дар марҳилаи ҳассостарини таърихӣ, яъне ҳангоме ки хатари нобудшавии давлати Тоҷикистон вуҷуд дошт, зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва дар ин вазифаи масъулиятнок тамоми қувваю нерўи ҷисмонию ақлонии худро истифода карда, дар муттаҳидсозии мардуми кишвар ва пешбурди кори давлатдорӣ саҳми арзанда гузошт. Дар натиҷаи меҳнати пайваста, ҷаҳду талош ва дилбохтагии беандоза ба касбу кори худ ба ў муяссар шуд, ки  оташи ҷанги бародаркўшро хомуш карда, ба кишвар сулҳу оромиро оварад. Маҳз ба воситаи заҳмату ҷонбозиҳои шабонарўзии Эмомалӣ Раҳмон халқи мо тавонист, ки сулҳро ба даст ораду ваҳдати миллиро таъмин намояд. Танҳо ҳамин хизмати Сарвари давлат басанда аст, ки ўро кулли тоҷикистониён Пешвои миллат ном баранд, вале дар асл заҳматҳои тўли солиёни сарварӣ кашидаи Эмомалӣ Раҳмон садҳо баҳои ин ҳастанд. Имрўз халқи шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллии худ орому осуда, дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебараду рўз аз рўз ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил мегардад.

Мутаасифона, аз хушҳолию хушнудӣ ва сарҷамъию осудагии мардуми Тоҷикистон душманони дохилию хориҷӣ, алалхусус хоинону террористони наҳзатӣ нороз ҳастанду барои расидан ба аҳдофи нопокашон даст ба паҳн намудани ҳар гуна суханони бардурўғ ва овозаҳои беасос  мезананд. Чун эшон дар ин кор таҷрибаи хуб доранд ва маҳз тавассути ҳамин амалашон мардуми шарифи кишварро дар вақташ бо фиреб ба майдоннишинӣ даъват намуда, оташи ҷанги бародаркўшро аланга дода буданд.  Маҳз роҳбарону масъулини фирории наҳзатӣ, ки мазҳаби аҷдодии худро фурухта ба хотири чор тангаи охундҳои хориҷӣ шиъаро қабул кардаанд, чунин хабари дуруғро ноҷавонмардона дар ҳаққи Сарвари давлатамон паҳн кардаанд. Онҳо мувофиқи нишондоди хоҷагонашон ва дар доираи таълимоти мазҳаби шиъа ин гуна амалҳоро анҷом медиҳанд. Зеро маҳз дар мазҳаби шиъа «тақия» кардан, яъне барои расидан ба мақсади ниҳоӣ ҳама гуна дуруғу макру ҳилла кардан раво дониста мешавад. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш  дар давоми фаъолияти чандинсолаашон аз ин «имконият»-и мазҳаби шиъа ҳамеша истифода мебурданд ва мақсади аслиашонро (ғасби ҳокимият) пинҳон дошта, худро демократу озодихоҳ ва ватандўсту муборизи роҳи ҳақ нишон медоданд.

Бадхоҳони миллати мо бо паҳн кардани овозаҳои бардуруғ то ҳануз кўшиш менамоянд, ки мардумро ба ҳар роҳу восита ба шўр оварда, бори дигар фазои сиёсии кишварро ноором намоянд. Вале мардуми шарифи кишвар аз амалҳои бадхоҳонаю манфиатҷўёнаи онҳо дар солҳои 90-уми асри ХХ сабақ гирифтаасту худ роҳи дуруст ва саҳеҳро хеле хуб медонад.

Он овозаҳои беасос ва суханони бардурўғи паҳннамудаи онҳо, ки гўё Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемор шудааст, идомаи ҳамон амалҳо бадхоҳона, душманона ва хоинонаи  ҳнитиёни террорист буда, ҳеҷ асосе надорад. Дар давоми фаъолияти чандсолаи худ эшон диданд, ки мардум аллакай тамоми дурўғу буҳтон ва амалҳои ғайриахлоқии онҳоро ба пуррагӣ медонаду барояшон дигар эътимод надорад. Ва ҳар он барчаспҳое, ки дар атрофи исми шарифи Пешвои муаззами миллат мегиранд, ба мардум ҳеҷ таъсире надорад. Зеро халқи шарифи Тоҷикистон, худ хуб медонад, ки амалҳои накўи Пешвои миллат аз  фаъолияти хиёнаткоронаи террористони наҳзатӣ билкул фарқият дошта, тамоман қиёснашаванда мебошанд. Дар баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки саҳми Пешвои муаззами миллат дар пешрафти Тоҷикистон бағоят бузург буда, номи ў дар баробари сарварони эътирофшудаи миллии ҷаҳонӣ, ба монанди Ҷорҷ Вашингтон, Авраам Линколн, Мао Тсез Дун, Уинстон Черчилл, Маҳатма Гандӣ, Шарл де Голл, Махатхир Муҳаммад, Мустафо Камол, Франклин Рузвелт, Ли Куан Ю, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва дигар давлатмардони сатҳи байналмилалӣ меистад.

Аммо бар хилофи ин, Кабирию кабиримаобон ҳам ба гузаштаи пурифтихор нанг оварданду ҳам имрўзиёнро бадбахт сохтанд ва ин амалашонро ҳанўз ҳам идома додан мехоҳанд.

Асос надоштани овозаҳои бардурўғ ва аз ҳақиқат тамоман дури онҳо, ки гўё Пешвои муаззами миллат бемор аст, идомаи ҳамон бадгўӣ, бадхоҳӣ ва бадкориҳои террористони наҳзатӣ буда, дар асл нишонаи бемории рўҳӣ доштани худи эшон аст. Агар одам дар худ дарде дошта бошад, он дардро дар ҷомеа ҳам мебинад, яъне дар назари одами носолим ҷамъият ҳам носолим менамояд. Чунин тарзи суханронӣ ва дурўғпароканӣ дар атрофи номи як шахсияти маъруф ва байналмилал нишонаи бемории рўҳӣ доштани гўянда ва паҳнкунандаи ин гуна суханон аст.

Баръакси  ин ҳама бадгўиҳо, Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳоест, ки ин рисолати муқаддаси ормонӣ дар саропои фитраташ бо шукўҳи тамом таҷаллӣ кардааст. Ў нахустин тоҷикистониест, ки дар маснади олии роҳбарӣ давлати Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба рағми душманони бадхоҳони дохилию хориҷӣ бо камоли ҷасорат меҳанамонро бо он ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳояш дар бунёди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд дар саросари дунё аз мақоми арҷманде бархурдор намуд.

 

Султони Қосим

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон