расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Роҳбари фраксияи ҲХДТ дар парлумон ваколатҳояшро месупорад

. / Ҷомеа

Роҳбари фраксияи ҲХДТ дар парлумон ваколатҳояшро месупорад

Ӯ инчунин аз ҳайати як Кумитаи парлумон хориҷ карда мешавад.


Сурат: Asia-Plus
Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи бекор кардани ваколатҳои вакили палатаи поёнии парлумон Бахтовар Сафарзода ба баррасӣ гузошта шудааст.
Имрӯз ӯ инчунин аз ҳайати Кумитаи парлумон оид ба умури байнулмилалӣ, иттилоот ва робита бо ҷомеа хориҷ карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Бахтовар Сафарзода намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъин шуд ва дар ин робита, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ваколатҳои худро дар парлумон месупорад.
Бахтовар Сафарзода моҳи марти соли равон аз ҳавзаи интихоботии Вахш вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.