СПАД муътадил сохтани вазъи марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) хост, то дар шароити тағйирёбии вазъи сиёсиву низомии ҷаҳон  даст рӯи дасти якдигар гузоранд.

Дар ин бора президенти Тоҷикистон дар мулоқоти сарони давлатҳои узви СПАД изҳори назар кардааст. Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД 26 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир шуд.

Дар ин ҷаласа президенти Русия Владимир Путин, Арманистон Серж Саргсян, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Тоҷикисон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ширкат карданд. Эмомалӣ Раҳмон аз кишвраҳои узви СПАД хост, ба масъалаи муҳим будани ҳифзи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон низ аҳамият диҳанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, ҳифзи ин марз “тадбири муҳим дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ” аст.

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД гуфт, ки сарони кишварҳои созмон расонидани кумак ба Тоҷикистонро ба хотири муътадил сохтани вазъи марзҳои ҷанубиаш баррасӣ карданд.

СПАД дар заминаи Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 15 майи соли 1992 имзо шуда буд, таъсис ёфтааст. Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви созмони мазкур ҳастанд. Ӯзбекистон соли 2012 аз ин созмон хориҷ шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон