БОЗГАШТИ СААКАШВИЛИ БА УКРАИНА ДАР ИҲОТАИ ТАРАФДОРОНАШ (ВИДЕО)

 

Бознашр аз Ахбор. Тарафдорони Михаил Саакашвили шоми 10 сентябр садди зиндаи марзбонони Украинаро рахна карда, ӯро аз марзи Полша ба қаламрави Украина дароварданд. Мақомоти Украина Саакашвилиро аз шаҳрвандӣ маҳрум карда, гуфта буданд, ки дигар ӯро ба кишвар роҳ нахоҳанд дод.


Бозгашти Михаил Саакашвили ба Украина, ки ба як филми пурҳаяҷон мемонд, бо вуруди пирӯҳонаи ӯ аз гузаргоҳи Шегини дар марзи Полша бо Украина анҷом ёфт.


Марзбонҳои украинӣ дар ин гузаргоҳ даст ба даст гирифта, садди зинда сохта буданд, ки монеи вуруди Саакашвили шаванд. Аммо садҳо тан аз тарафдорони дар ин гузаргоҳ ҷамъшудаи Саакашвили садди марзбонҳоро рахна карда, ӯро соати 20:05 ба қаламрави Украина дароварданд.


Издиҳом Саакашвили ҳалқа гирифта, вориди хоки Украина кард. Тарафдоронаш ҳамзамон "Миша! Миша!” гӯён шиор мезаданд. Дар байни издиҳом Юлия Тимошенко, сарвазири собиқи Украина низ буд, ки Саакашвилиро шахсан дар роҳи бозгашт ба кишвар ҳамроҳӣ мекард.


Бозгашти Саакашвили ба Украина аз субҳ то поси шом идома ёфт. Саакашвили ибтидо бо автобус ба Украина баргаштанӣ буд ва азбаски инро аз пеш эълон кард, ӯро дар роҳи ин сафар гурӯҳи бузурге аз хабарнигорон ҳамроҳӣ мекарданд.


Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко моҳи июл Михаил Саакашвили, яке аз ёрони қаблиашро, ки ба як мунтақиди тунди ҳукумат табдил ёфт, аз шаҳрвандии Украина маҳрум кард. Саакашвили, ки бо сафаре дар Аврупо қарор дошт, гуфт, бо ин вуҷуд ҳатман ба Украина бармегардад. Мақомоти Украина гуфтанд, ки ӯро ба қаламрави кишвар дигар роҳ нахоҳанд дод.


Вақте маълум шуд, ки ӯро бо автобус иҷозати вуруд ба Украина намедиҳанд, Саакашвили дар Полша ба қатори роҳи оҳан нишаст. Ба ин умед ки барои як нафар шуда, қатор аз роҳ нахоҳад монд. Аммо қатор ҳаракат накард ва тавассути баландгӯяш гӯянда пайваста эълон мекард, ки қатор танҳо баъди фаромадани як мусофир (манзур Саакашвили) ба роҳ хоҳад баромад.


Саакашвили баъди ин президенти Украина Петро Порошенкоро "барига” номид ва ба автобуси дигар нишаста, ба гузаргоҳи Шегини омад. Тарафдорони ӯ аз ҷониби марзи Украина низ ҳамагӣ ба инҷо ҳаракат карданд ва бо фишор садди марзбонони украиниро рахна карда, роҳи ӯро кушоданд.


Саакашвили баъди вуруд ба қаламрави Украина гуфт, ки ба шаҳри Лвов меравад.

Михаил Саакашвили, ки имсол ба синни 50 мерасад, соли 2004 бо роҳбарии "инқилоби садбаргҳо” Эдуард Шеварднадзеро аз мақоми президенти Гурҷистон барканор карда, ба дунбол дар интихобот раисиҷумҳури ин кишвари Қафқоз интихоб шуд. Ӯ бар Гурҷистон ду давра – то соли 2013 раҳбарӣ кард. Раёсати Саакашвили бо ислоҳоти муассире, ки фасоду ришвахориро дар Гурҷистон решакан кард ва дар айни замон бо ҷанги кӯтоҳи соли 2008 бо Русия, ки дар натиҷаи он ду вилояти ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ аз Гурҷистон ҷудо шуданд, дар ёд мондааст.


Дар ибтидои соли 2015 президенти Украина Петро Порошенко Саакашвили ва аъзои тими ӯро аз Гурҷистон барои анҷоми ислоҳот ба Украина даъват кард. Ба ҳамаи онҳо шаҳрвандии Украина доданд ва Саакашвили волии вилояти Одесса таъйин шуд.


Вале дар моҳи ноябри соли 2016 Саакашвили аз мақоми волии Одесса истеъфо дод ва атрофиёни Порошенкоро ба фасод айбдор карда, ба сафи мухолифин пайваст. Дар пайи интиқодҳои тунди Саакашвили аз сиёсати ҳукуматаш Порошенко моҳи июли соли ҷорӣ бо судури як фармон ин ёри собиқашро аз шаҳрвандии Украина маҳрум кард.


Дар ҳар сурат, бозгашти Саакашвили бо вуҷуди мамониатҳои мақомоти Украина аз як тараф заъфи ҳукумати кунунии ин кишварро нишон дод ва аз тарафи дигар, ҳукумати Порошенкоро дар рӯбарӯи воқеияти наве қарор медиҳад, ки расидагӣ ба он чандон осон наменамояд.

Саакашвили таҳти парчами мубориза бо фасод ва ришвахорон алакай тарафдорони зиёдеро дар Украина дар атрофи худ ҷамъ овардааст. Бозгашти вай ба хайли тарафдоронаш боз ҳам афзуда ва дар айни замон обрӯву эътибори ҳукумати Порошенкоро боз ҳам камранг мекунад.

 
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон