Куриёи Шимолӣ гуфт, “бобмаи ҳидрогенӣ”-ро озмоиш кард

Куриёи Шимолӣ эълон кард, ки як бомбаи ҳидрогенӣ (H-Bomb)-и насбшаванда бар мушакҳои дурпарвоз ё қорапайморо “бо муваффақияти комил” озмоиш кард. Расонаҳои давлатии Куриёи Шимолӣ рӯзи 3-юми сентябр гуфтанд, ин шашумин озмоиши ҳастаӣ ё атомии Пхенян буд.

Изҳороти Куриёи Шимолӣ ҳамагӣ баъд аз чанд соати сабти заминларзае дар ин кишвар эълон шуд. Вазорати умури хориҷии Ҷопон гуфт, давлати он кишвар таъйид мекунад, ки заминларзаи сабтшудаи ахир дар Куриёи Шимолӣ бар асари анҷоми шашумин озмоиши ҳастаии Пхенян рух додааст.

Субҳи якшанбе дастикам як заминларзаи шадид дар Куриёи Шимолӣ сабт шуд. Баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд ин “заминларзаи маснуӣ буд". Маркази зилзиланигории Чин эълон кард, ки умқи ин заминларза дар Куриёи Шимолӣ “сифр километр” аст. Ситоди муштараки артиши Куриёи Ҷанубӣ ҳам эълон кард, ки заминларзаи сабтшуда “табиӣ набуд”.

Шинзо Абе

Нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе мегӯяд, озмоиши тозаи Куриёи Шимолӣ “комилан ғайри қобили қабул аст” ва “мо бояд эътирози худро нишон диҳем”.


Куриёи Шимолӣ қаблан гуфта буд, тавоноиҳои худро дар иртибот бо бобмаи ҳидрогенӣ афзоиш додааст ва онро қобили истифода дар мушакҳои қорапаймо кардааст. Хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ субҳи 3-юми сентябр иддао карданд, ки Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ насби кӯлоҳаки ҳастаӣ бар мушакҳои қорапайморо шахсан аз наздик мушоҳида кардааст.


Хабаргузори расмии Куриёи Шимол дар айни замон мегӯяд, ҷангафзоре, ки дар ихтиёри он кишвар аст, қудрати вайронгарии азимеро дорад.

Ҳамзамон бо ин гузориш Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон дар ҷараёни як тамоси телефонӣ дар мавриди “буҳрони атомии рӯ ба афзоиш” ва зарурати ҳамкории наздик миёни ин ду кишвар ва низ Куриёи Ҷанубӣ таъкид кардаанд. Онҳо ҳамчунин дар мавриди афзоиши фишорҳо болои Пхенян тавофуқ намуданд.

Маҷмӯи озмоишҳои атомӣ бо қобилияти низомӣ дар Куриёи Шимолӣ дар ҳоли ҳозир ба шаш маврид расидааст. Аз ҷумла, ин кишвар дар солҳои 2006, 2009 ва 2013 озмоишҳои ҳастаиро анҷом дода буд. Аммо ин нахустин озмоиши атомии Пхенян аз замони оғози раёсати ҷуиҳури Доналд Трамп дар Амрикост.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон