расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Президент ба марзбонон хона дод

Асосӣ / Сиёсат

Президент ба марзбонон хона дод

Ҳамаи хонаҳо таъмиру тармим гардида, пурра бо ҷиҳози рӯзгор таъмин мебошанд.

Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 29 сентябр аз се ноҳияи пойтахт боздид намуда, як қатор иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Шоҳмансур бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти нав аз 19 ошёна ва 591 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад.
Нахустин калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро Эмомалӣ Раҳмон 76 корманди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ тақдим кард. Ҳамаи хонаҳо таъмиру тармим гардида, пурра бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолинҳои гуногун, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошанд.



1/10
Дар кӯчаи Аҳмади Дониши ҳамин ноҳияи сарвари давлат ва раиси пойтахт дар маросими ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” барои 600 ҷой иштирок карданд.
Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, маблағи умумии бунёду муҷаҳҳазгардонии иншоот 51 миллион сомониро ташкил медиҳад.



1/11
Сипас дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ба истифода дода шуд. Он барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қушӯнҳои сарҳадӣ пешбинӣ шудааст.



1/12
Дар ҳамин ноҳия президент ва раиси пойтахт дар маросими ба истифода додани Клуби варзишии “Парвиз Собиров” ҳузур доштанд.
Муассиси клуби варзишӣ ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 млн 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.



1/6
Дар ноҳияи Синои пойтахт Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтитоҳ шуд. Шифохона соли 1962 бунёд гардида, бо дастури бевоситаи президент дар як муддати кутоҳ пурра навсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуд.
Бинои шифохона аз 4 ошёна иборат буда, дар он шуъбаҳои қабули беморон, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, рӯҳ ва асаб, эҳёгарӣ ва мадҳушкунӣ, табобати дандон, ташхисгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ-биокимиёвӣ, вирусологӣ, утоқҳои рентген, ташхиси ултрасадо, кардиологӣ, амрози дарунӣ ва физотерапевтӣ амал хоҳанд кард.



1/9
Аксҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.