расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » COVID-19 ва "ҳавас" боис ба афзоиши дуздӣ дар Тоҷикистон шудаанд

. / Ҷомеа

COVID-19 ва "ҳавас" боис ба афзоиши дуздӣ дар Тоҷикистон шудаанд

Акс аз бойгонӣ.

Сокинон низ аз афзоиши ҳолатҳои дуздӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар шикоят доранд. Ҷомеашиносон вазъро ба пандемияи коронавируси нав ва бекории бахше аз аҳолӣ рабт медиҳанд.
Мавлуда, сокини 45-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, гуфт, ҳафтае пеш шахси номаълум ба хонаашон ворид шуда, телевизори тамғаи "Самсунг"-ро дуздидааст. Вай гуфт, ҳодиса ҳангоми дар хоб будани аъзои оила рух додааст.
"Дарвоза баста буд, маълум нест, дузд чӣ хел ба хона даромадааст. Онро ба панҷ ҳазор сомонӣ харида будем. Пулро аз бонк гирифта будем ва то ба ҳол напардохтаем", -- афзуд ӯ.
Мақомот дар пайи шикояти ин зан як сокини 25-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро дастгир кардаанд. Маъмурони милиса мегӯянд, ӯ пештар дар Русия бо гуноҳи дуздӣ зиндонӣ шудааст, аммо тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.
Бархе аз коршиносоне, ки ин мавзуъро пайгирӣ доранд, тахмин мезананд, ба эҳтимоли зиёд бекорӣ ва набуди шароит дар пайи бемории коронавирус дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ба ин вазъ сабаб шудааст.
Ватан Абдураҳмонов, вакили мудофеъ ва додраси собиқ, гуфт, дар чанд моҳи ахир ба маркази ҳуқуқии онҳо муроҷиати сокинон дар бораи бекорӣ бештар шудааст. Ба қавли Абдураҳмонов, "дар давраи коронавирус сокинони зиёд бе кор монданд, ки ин ҳам боис ба сар задани ҷиноятҳои гуногун, махсусан дуздӣ шуд."
Вале Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ба чунин ҷиноятҳо бештар ҷавонон даст мезананд ва низ афроде, ки пештар ба зиндон маҳкум шудаанд.
"Вақте мепурсед, ки маблағро барои чӣ сарф кардед, мегӯянд, ё рафта арақ нӯшидаанд ё барои истироҳати чанд лаҳзаина сарф кардаанд", -- шарҳ дод ӯ.
Аксар муҳоҷирони тоҷик, ки ноноварони аслии хонаводаҳои худ дар Тоҷикистонанд, дар давраи хуруҷи пандемия дар Душанбе ё Маскав банд монда, барои муддате аз ҷойи кору манбаи даромад маҳрум монданд.
Аз ҷумла, вазири меҳнат ва муҳоҷират ду моҳи пеш гуфт, ки дар нимсолаи аввал беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштанд. Бонки Миллӣ хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали имсол пули фиристодаи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ҳудуди 15 дарсад камтар аст.
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон теъдоди афроди қобили меҳнат ба 2,5 миллион баробар буда, танҳо дар соли 2018 ба ҳудуди 50 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Бо шурӯи пандемияи фарогир ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистон ва Русия, эҳтимол меравад шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошад.
Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, шумораи бекорон дар Тоҷикистон аз омори расмӣ бештар будааст. Таъмини аҳолӣ ба ҷои кор, аз ҷумла ба шуғли беҳтар фаро гирифтани мардум аз масъалаҳоест, ки дар тақрибан 29 соли соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳалли худро пайдо накардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.