ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛОҲ: НАРХИ БИЛЕТИ БОЗГАШТИ МАН ХЕЛЕ ГАРОН АСТ!

Додоҷони Атовуллоҳ ба Тоҷикистон бармегардад ва бо Ҳукумат оштӣ мекунад?

Дар байни сарони оппозитсия чӣ мегузарад ва сабаби ҳамлаи Додоҷон ба Кабирӣ чист?

Нақши Ҳарамгули Қодир дар ин қазия, вокуниши Додоҷон ба истеъфои ҳамсафонаш ва нархи билети бозгашти Додоҷони Атовуллоҳ ба Душанбе – ин ҳама дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо раҳбари Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоҳ.

Тайи чанд ҳафтаи охир як чеҳраи хабарсоз дар байни мухолифини ҳукумати кунунии Тоҷикистон, албатта, раҳбари Анҷумани нирӯҳои созанда, як ташаккули ин мухолифин Додоҷони Атовуллоҳ буд. Додоҷони Атовуллоҳ дар ин рӯзҳои охир хеле башиддат аз як ташаккули дигари мухолифин – ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва раисаш Муҳиддин Кабирӣ интиқод мекард, аз хабарнигор Ҳарамгули Қодир дар баҳсҳояш бо наҳзатиҳо пуштибонӣ кард ва шоми 20 август дар барномае бо радиои "Зелло” гуфт, мухолифин бояд рӯи гуфтушунид бо ҳукумати имрӯза фикр кунанд, зеро тавони то охир мубориза бурдан бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро надоранд.

Ба ин далел, сомонаи "Ахбор” барои як мусоҳибаи ихтисосӣ пойи сӯҳбати Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон нишаст, то маълум шавад, ки асли моҷаро чист ва оё Додоҷони Атовуллоҳ дар воқеъ азми бозгашт ба Тоҷикистон ва оштӣ кардан бо Эмомалӣ Раҳмонро дар сар дорад?

АХБОР: Изҳороти ахири Шумо дар радиои "Зелло" хеле сару садо кард ва ба гунаи гуногун тафсир шуд. Оё ин тафсир дуруст аст ки шумо хоҳони бозгашт ба Тоҷикистон ва сулҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ҳастед?

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: Таманнои бозгашт ба Ватан ҳамеша бо ман аст. Аммо бозгашти сарбаландона, на таслим шудан ба касе. Ман агар мехостам, борҳо чунин пешниҳодҳо буданд - аз вазирон сар карда то худи шахси президент- барвақт дар Ватан будам. Ҳоло бошад пас аз марги модари раҳинтизорам, ки орзуи дидорро ба хок бурд, ман дилкашолии сахте надорам. Ин мавқеъи хусусии ман аст. Аммо ман ҳамчун роҳбари як ҳаракати сиёсӣ ба ҳарфи ҳамсафонам гӯш меандозам. Ва мо аз мубориза барои ҳадафҳои худ даст кашиданӣ нестем. Дар баробари ин поёни ҳама ҷанг сулҳ аст. Гарчанде мо ба касе ҷанг накардаем ва дари гуфтушунид бо ҳама, аз ҷумла ҳукумат ҳамеша боз аст.

АХБОР: Инак чандин рӯз боз як мавзӯи вирди забони ҳама ҳадди ақал дар сегменти тоҷикии Фейсбук ҳамлаҳои лафзии Додоҷони Атовуллоҳ ба ҲНИТ ва раҳбараш Муҳиддин Кабирист. Назарҳо низ ба моҷаро муҳталифанд. Мешавад, худатон шарҳ бидиҳед,ки решаи моҷаро чист? Кадом ихтилофи хусусии шумо бо Кабириву ҲНИТ ваё ихтилофоти усулӣ?

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: Ман бо Кабирӣ ва хизби у ягон мушкили хусусӣ надорам. Дар байни наҳзатиён дӯстон ва ҳамандешони зиёде дорам. Дар вохӯрии соли гузашта дар саҳни мезмонхонаи Hyatt- и Берлин Муҳиддин хандида гуфт: мулоқот бо шуморо ман бояд бо раёсати ҳизб ҳамоҳанг мекардам ва ин осон набуд. На ҳама дар наҳзат шуморо дӯст медоранд. Ман низ хандидам ва гуфтам: -Наҳзатиҳои мардаш дӯстони мананд, ба номардонаш коре надорам...

АХБОР: Ин баҳс дар ҳоле пеш омад, ки қаблан дар бораи азми гурӯҳҳои оппозитсияи тоҷик барои ташкили як иттиҳоди нави мухолифин сӯҳбат мерафт. Чунин назарҳо низ садо доданд, ки Додоҷони Атовуллоҳ бо ин баҳси, ба ақидаи онҳо, беҳуда, кори ташкили эътилофи мухолифинро ҳадди ақал ба қафо зад. Ба ин иддао чӣ посухе доред? Ва оё Анҷумани нирӯҳои созанда ба ташкили чунин иттиҳоди нави мухолифин алоқа дорад ё на?

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: "Иттиҳод рамзи пирӯзист!" Ёдатон бошад, ин шиори мо ҳанӯз аз замони майдоннишинихо буд. Танҳо кӯр, кар ва ҷунунӣ инро дарк намекунад. Ман ҳамеша аз иттиҳод мегуфтаму мегӯям. Аммо як эътилофи шаффоф, содиқона ва самимона. Аз кадом эътилофе мегӯянд имрӯз? Ин мақоли "бача дар сафар, номаш Музаффар"- ро ба ёд меорад. Ман ҳанӯз на бо Муҳиддин Кабирӣ, на бо Сӯҳроби Зафар дар ин масъала ақаллан суҳбате надоштам.

АХБОР: Ба назари шумо, оппозитсияи ҳукумати имрӯза дар кадом самт кораш муваффақ буда ва дар кадом самт баракс - ноком? Дар фаъолияти мухолифин чӣ чиз ислоҳ металабад?

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: Оппозитсияи имрӯза бояд икрор шуд, ки аслан комёбие надорад. дар боби ислоҳаш ман бар онам, ки солҳо мебояд, ки як оппозитсияи қудратманд ба майдон биёяд. Оре, норозиён зиёданд, ҷабрдидагон зиёданд, аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо ба маънои классикияш оппозитсия ҳастанд. Оппозитсия имрӯза як шаҳри бе панҷараву дарвозаро мемонад, ки як нафар ворид мешавад ва эълон мекунад : Мардум, ман омадам, маро пешвоз гиред, ман мухолифам! Ҳатто баъзеҳо барои гирифтани статуси паноҳандагӣ дар Аврупо қабои мухолифро ба бар мекунанд ва пасон он ҷомаро ба девор меовезанду аз паси зиндагии худ мешаванд. Ин тамоюл баъди кризиси иқтисодии Русия афзоиш ёфт. Ҳоло лагерҳои паноҳандагон моломоли чунин "оппозитсионерҳо" шудаанд. Ин низ як бизнес шудааст. Созмонҳое ҳастанд, ки ба ивази 500- 600 доллар ба чунин "мухолифони қалбакӣ" номаи дастгирӣ менависанд.

АХБОР: Азбаски як бахши аъзами моҷаро марбут ба масоили хусусие, чун масъалаи Ҳарамгули Қодир (ДАР АКС) ва Муҳиддини Кабирӣ марбут мешуд, мардуми зиёде чунин назар доранд, ки пойи Додоҷони Атовуллоҳ зери таъсири Ҳарамгул ба ин қазия кашида шуд. Ҳатто Ҳарамгулро гумоштаи мақомоти Тоҷикистон ҳам ном бурда, ҳадс заданд, ки дар пушти ин қазия бозии калоне рафта истодааст, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон барои заиф ва чандпора кардани мухолифин ва бахусус гирифтани пеши роҳи ташкили эътилофи ҷадид ба роҳ андохтаанд. То куҷо Ҳарамгули Қодир дар ин моҷарои шумо бо ҲНИТ нақш дорад?

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: Ман ба қазияи Ҳарамгули Қодир вақте ворид шудам, ки бар зидди ӯ як амалиёти густарда дар Фейсбук роҳандозӣ шуда буд. Бисёр номардона, хабисона ва пастфитратона. Дифоъи ман аз Ҳарамгул дифоъ аз як бонуи тоҷик ва ҳампеша буду халос.

АХБОР: Ва чун аз Ҳарамгул гуфтем, ки шумо хеле гарм ҳимояташ кардед. Оё Кабирӣ бояд барои қаноат доданаш ба ӯ издивоҷ кунад, ки ин моҷаро билохира тамом шавад? Сабаби ин саволро доданам боз ҳам шарҳҳои зиёде дар Фейсбук аст, ки мегӯянд, Додоҷон ду по дар як мӯза исрор дорад, ки Кабирӣ бояд Ҳарамгулро бигирад?

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: Ман ягон вақт ба хаёти хусусии касе ворид намешавам. Ин барои ман табу! Ба ягон кас ҳамхостгор нашудаам ва шуданӣ нестам. Ҷасорат ва номусварии Ҳарамгул арзандаи таҳсин аст. Беҳуда нест, ки мо ӯро дар кошонаи "Ватандор" қаҳрамони рӯз эълон кардем.

АХБОР: Хуб, як фарзияи дигаре ҳам садо дод, ки Додоҷони Атовуллоҳ аз ин 25 соли мусофирӣ сахт хаста шудааст ва бо ин ҷанҷол нархи билети бозгашташ ба Тоҷикистонро пардохт карда истодааст.

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: Нархи билети ман хеле гарон аст. Ва он билетро танҳо худи ман метавонам ҳаридорӣ кунам. Дигар ягон кас! Чанд соли ахир бароям сахт мушкил буд. Сӯиқасд дар Маскаву Берлин, марги хоҳари азизам ва модари бузургворам бароям сангин буд. Чиҳо аз дили ман мегузашт худам медонаму Худо. Аммо ман хастагиро намешиносам, бо ноумедӣ ягон бор саломуалейк накардаам. Ҳама чиз арзиш дорад: озодӣ ҳам. Ин ҳама мушкилоту имтиҳонҳоро ман чун баҳои озодӣ мепазирам.

АХБОР: Ақидае ҳаст, ки ба сурати умум, ин моҷаро мухолифинро заифтар ва ҷои пинҳон кардан нест, дар чашми мардум беобрӯтар кард. Хуб, ҳоло ки кор то ба инҷо кашид, роҳи бурунрафт аз ин бунбасти пешомадаро дар чӣ мебинед? Оё роҳе ҳаст?

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: Ҳар бадӣ дар пасаш некие дорад. Касе касеро накуштааст. Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност. Як рӯз не - як рӯз ин ҳама ногуфтаҳо бояд гуфта мешуданд. Боре зани Эйнштейн истакони пуробро дар назди дӯстонаш ба сари олими бузург мерезад. Дӯстонаш ҳайрон мешаванд. ки чаро чунин рафторро у таҳаммул мекунад? Эйнштейн хандида мегӯяд: - Баъди абру раъду барқ ҳатман бояд борон шавад, чӣ ҷои тааҷҷуб? Умедворам, борони сиёсӣ кинаву кудуратро аз дилҳо мезудояд ва боз нируҳои солим ва ватандору озодихоҳ бо ҳам меоянд.

АХБОР: Ва суоле ки дар ин баҳсҳо аз шумо ҳам зиёд карданд, албатта, ки ҳадафи асосии муборизаи имрӯзаи Додоҷон кист: ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ё Кабирӣ?

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: Латифае аз Чароғи рӯз ёдам омад. Чанд боевик пирамардеро мепурсанд: вовчикҳо хубанд е юрчикҳо? Пирамард ба худ меандешад, ки агар инашро таъриф кунам, шояд онаш хафа шавад. Лаҳзае сукут меварзад ва мегӯяд: - Вовчикҳояш ҳам хубанд, юрчикҳояш ҳам. Падарлаънатуш моем, ки дар сари раҳ хона кардем.

Ҳукумат ҳам хуб аст, наҳзат ҳам. Гунаҳгори ҳама бадбахтиҳои Тоҷикистон моем!

АХБОР: Ҳамсафонатон аз Анҷумани нирӯҳои созанда ин моҷароро чӣ гуна қабул карданд? Оё ин ҳама боиси ҷудоӣ дар байни ҳамсафони худи шумо нахоҳад шуд?

Додоҷони АТОВУЛЛОҲ: Албатта ин ҳама нохушоянд аст. Ва чанд нафар ҳатто тарки Анҷуман карданд. Ба назарам, онҳо аз дигарон борхо шунида буданд, ки дар моҳи Рамазон инқилоб мешавад, ё фардо. Ва ин барои навҷавонон ба умедворӣ бадал гашт ва чун диданд, шаб хобидему рӯзи дигар бедор шудему инқилоб нашуд, шояд навмед гаштанд, ки мо натавонистем интизориҳои онҳоро бароварда кунем. Шояд ин аст сабаб ё чизи дигар ҳоло аник гуфта наметавонам.

Дишаб сӯҳбати ман бо мардум дар радиканали Zello ба ҷанҷол анҷом ёфт. Чанд нафар тарки Анҷуман карданд. Ҳарифони мо табли фараҳ навохтанд. Аммо баҳс ва мунозара ҳамеша бояд бошад, рӯҳияи озодандешӣ нигоҳ дошта шавад. Ман шодам, ки ононе ки ҳатто чанд рӯзе бо ман буданд аз лаззати неъмати бебаҳои дунё - ОЗОДӢ лаззат бурдаанд. Ва метавонанд сухани маро қатъ кунанд, уштулум намоянд, сарзаниш кунанд. Ман ба онҳо ҳамеша талқин мекардам, ки мо ҳама баробарем, ман ЯКЕ аз шумоёнаму бас. Дар парлумони пешрафтатарин кишварҳои дунё бубинед чиҳо мегузарад: бо ҳам ҳатто даст ба гиребон мешаванд, занозанӣ мекунанд, аммо боз бо ҳам менишинанду роҳ меҷӯянд, бо ҳам душман намешаванд.

То рӯз баҳс дар радио идома дошт. Барои ман рафтани ҳамсафонам хушоянд нест. Онҳо ҷавонанд ва хуни гарм доранд. Мо бояд ба онҳо ҳамеша шонс бидиҳем, ки худро пайдо бинамоянд: хато кунанд, биафтанд, бихезанд ва худро бисозанд. Муҳим аз ҳама набояд ба оташ равған бирехт ва ононро ба мақсадҳои ғаразнок истифода кард.

Кишвар танҳо дар сурате ба озодӣ мерасад, ки шаҳрвандонаш озод бошанд. Бале, ба рама чӯпон будан осон аст, аммо бо озодманишон фаъолият кардан мушкил аст. Мушкилии арзишманд ва гаронбаҳо. Агар ман кореро ҳам кардан натавониста бошам, аммо ҳамаи ононе ки бо ман буданд шахсият мемонанд ва ба Озодӣ арҷ мегузоранд ва дигаронро низ дар куҷое набошанд, ба кӯи ОЗОДӢ мехонанд. Анҷуман пешво надорад. Ҳама дар Анҷуман баробаранд. Ман ЯКЕ аз онон астаму бас.

Додоҷон Атовуллоев дар ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро хатм кардааст. Ӯ дар замони Шӯравӣ дар рӯзномаҳои "Комсомоли Тоҷикистон” ва "Омӯзгор” кор мекард ва соли 1991 "Чароғи рӯз” – нахустин нашрияи мустақил дар Тоҷикистонро таъсис дод.

Додоҷон Атовуллоев аз поёни соли 1992 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. То ибтидои солҳои 2000-ум ӯ дар Маскав зиндагӣ мекард, вале баъди чанд боздошташ бо дархости мақомоти Душанбе ва як сӯиқасд ба ҷонаш ба Олмон паноҳ овард ва дар инҷо ибтидо ҷунбиши "Ватандор” ва сипас Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистонро таъсис дод.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон