расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ба ҳалокат расидани ду ронанда ва се мусофир бар асари садамаҳои нақлиётӣ

. / Ҳаводис

Ба ҳалокат расидани ду ронанда ва се мусофир бар асари садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 27-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Сайдалиев Самариддин Мирзомуддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифови ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат дар маркази ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони дохили автомашинаи мазкур, Ғуломов Ҷонибек Тошалиевич ва Холов Рамазон Қурбонович, соли таваллудашон 1994, сокинони ҷамоати деҳоти И.Шарифови ҳамин ноҳия ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, санаи 27-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», Давлатов Абдулло Ҳасанович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат, дар шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ-Хуҷанд» дар мавзеи «Тагоби Хушекат», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи «Хундай», таҳти идораи ронанда Раҷабзода Мунаввари Мақсуд, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ҳарду ронандагон Давлатов А.Ҳ., Раҷабзода М.М. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Хундай», Маҳмудова Лайло Файзуллоевна, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин мусофири дигари автомашинаи тамғаи «Хундай», Раҷабов Азизулло Мунавварович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри мазкур ва мусофири автомашинаи тамғаи «Дулан», ноболиғ Давлатов Насим Дустмуродович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Чилтеппаи шаҳри Ҳисор, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.