Филми ВКД бо 4 забон: русӣ, англисӣ, узбекӣ, арабӣ.

Дар як барномаи вижа дар телевизиони Тоҷикистон Эронро айбдор карданд, ки дар солҳои 90 ба ҳудуди 200 тан аз размандагони мухолифин таълими диверсионӣ додааст. Се боздоштшуда дар ин барнома гуфтанд, ки куштори Сафаралӣ Кенҷаев, афсарони рус вва дигар амалҳои тахрибкориро "бо дастури Эрон” ва "бо супориши ҲНИТ ва Ҳоҷӣ Ҳалим” анҷом медоданд.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилӣ дар як барномаи вижаи 40-дақиқагӣ гуфт, аъзои гурӯҳи диверсиониеро дастгир кардаанд, ки дар куштори ходимони сиёсӣ ва афсарони Русия дар солҳои 90 даст дошт. Се боздоштшуда дар ин барнома гуфтанд, ки бо супориши раҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Эрон рафта, дар онҷо таълими диверсионӣ гирифтаанд ва баъди бозгашт ба Тоҷикистон "бо супориши раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим” ва "бо дастури Эрон” дар Тоҷикистон амалиётҳои тахрибкорӣ ва куштор анҷом медоданд.

Роҳбари гурӯҳ Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, бо тахаллуси "Рустами Норакӣ”, санаи таваллудаш 13 июли соли 1967, зодаи деҳаи Пехо ва сокини деҳаи Қибилии Норак. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Ашрапов Тағоймурод Сироҷович, бо тахаллуси "Алӣ”, санаи таваллудаш 2 сентябри соли 1970. Зодаи деҳаи Сичароғи ноҳияи Нуробод ва сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Қудратов Саймӯҳриддин Муҳибуллоевич, бо тахаллусҳои "Авлиё” ва "Эшон”, санаи таваллудаш 9 августи соли 1964, зодаи деҳаи Данғараи болои ноҳияи Данғара.Бо ҳукми Додгоҳии олии Тоҷикистон бо ҷурми куштор, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва тахрибкорӣ (диверсия) ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.


Филми ВКД: Эрон асосгузори чанги шахрвандии Точикистон бо забони русӣ


Филми ВКД: Эрон асосгузори чанги шахрвандии Точикистон бо забони англисӣ


Филми ВКД: Эрон асосгузори чанги шахрвандии Точикистон бо забони узбекӣ


Филми ВКД: Эрон асосгузори чанги шахрвандии Точикистон бо забони арабӣ


 
назари худро нависед
паааах агар и кабирира итари карда бошад барои як кабири и кадар муносибатошона кати ирон ридан пааас мара медаронад точикистон
  • LULLU
  • 17-08-2017, 06:06
  • : 06:06
    • Маҳкул
    • 0
ассаламу алайкум. дар Джаннат хама бо якдигар бародаранд. дилхои пок доранд бухл нест гайбат нест сухани баду гавго тухмат бухтон намещунаванд. мунофикон дар он чо й нестанд. кушииш кунед барои ДЖаннати Аллох. Аз Нори Аллох битарсед барои хар як сухан рузи киёмат пурсида мешавед.
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон