ҶАЗОҲОИ САНГИН БАРОИ РОНАНДАГОНИ МАСТ


Дар қонунгузории Тоҷикистон тағйироту иловаҳое ворид карда мешаванд, ки муҷозот барои дар ҳолати мастӣ ваё бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошинро сангинтар мекунанд. Бо мошин ба дарс омадани хонандагону донишҷӯён комилан манъ мешавад.

Ин тағйирот ба қонунгузорӣ, қарор аст, рӯзи 23 август дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – дар канори тағйирот ба қонуни танзими расму ойин баррасӣ шаванд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар шарҳи муфассале дар бобати ин тағйирот мегӯяд, ҳадаф аз шадидтар кардани ин муҷозот коҳиши садамаҳои нақлиётист, ки ҳар сол сабаби марги садҳо нафар ва ҷароҳат бардоштани садҳои дигар дар роҳҳои кишвар мешаванд: "Ҳолатҳои аз тарафи ронандагони маст ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва содир намудани садамаҳои нақлиёт низ зиёд ба қайд гирифта шудааст.Бо назардошти ин ҳолатҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот пешниҳод гардидаанд, ки онҳо барои пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар ин самт равона гардидаанд.

Аз ҷумла бар асоси тағйирот ба моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳлати аз ҳуқуқи махсус - ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинишуда низ шадидтар карда мешаванд: "Масалан, агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбини намояд, мувофиқи пешниҳод ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.”

ШАРҲИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲОИ НАВ БА ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми1) низ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд карда шудааст.

Дар матни кунунии Кодекс барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва болои он дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин ҷарима ба андозаи 50-70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2500-3500 сомонӣ) пешбинӣ шудааст. Дар тарҳи нави Кодекс андозаи ҷарима алакай 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне бист ҳазор сомонӣ) пешбинӣ шуда, барои такроран дар давоми сол баъди ҷазои якум содир намудани айни кирдор шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Ба ин манзур моддаи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шуда, ин тағйирот, бино ба шарҳи дафтари матбуоти президент, "барои пурзӯр намудани ҷазо нисбати шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд ва ё дар ҳолати мастӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, боиси ҳалокати одамон гаштаанд, равона гардидаанд.”

Аз ҷумла агар ронандае, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ба садамаи нақлиётӣ роҳ диҳад ва дар ин садама касе ҳалок ё маҷрӯҳ шавад, ӯро метавонанд ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол маҳкум ба зиндон карда, барои 10 соли дигар аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳрум кунанд. Дар сурати боиси марги беш аз ду нафар шудани ронандаи маст, муҳлати ҷазо алакай аз 10 то 15 соли зиндон бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз 10 то 20 сол хоҳад буд.

Барои дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, низ ҷавобгарӣ пурзӯр карда шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (25 ҳазор то 50 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ карда мешавад. Дар Кодекси амалкунанда барои чунин амал фақат ҷазоҳои ғайриҳабсӣ, аз ҷумла ҷарима то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин дар моддаи 50-уми Кодекси ҷиноятӣ дар баробари ҷазоҳои асосӣ меъёр дар бораи аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт то 20 сол маҳрум кардани шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намудаанд, низ пешниҳод шудааст.

Ҳамин тавр, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйироте ворид карда мешаванд, ки бо мошин ба дарс омадани хонандагону донишҷӯёнро манъ мекунанд: "Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ бо идоракунии воситаҳои нақлиёти механикӣ омадани хонандагон ва донишҷуён онҳо аз муассисаҳои таълими бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда мешаванд.”

Ҳамин тавр, ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, кормандони давлатиро аз ин ба баъд метавонанд барои вайрон кардани қонуни танзими расму ойин аз сӯи онҳо ё фарзандонашон аз вазифа озод кунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон