расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Диабети қанд. кадом шириниҳоро хӯрдан мумкин аст?

. / Ҷомеа

Диабети қанд. кадом шириниҳоро хӯрдан мумкин аст?


Беморони диабети қанд кадом намуди шириниҳо ва чӣ қадари онро метавонанд истеъмол намоянд, дар ин бора табиб-эндокринолог Оксана Миронова шарҳ медиҳад.

Диабети қанди навъи 2 аслан дар нафарони аз 40-сола болои фарбеҳ ва дорои вазни зиёдатӣ пайдо мешавад, ки яке аз сабабҳои зуҳур намудани он аз ҳад зиёд истеъмоли шириниву чарбҳо мебошад. Ин нафарон бояд аз истеъмоли хӯроке, ки қандро дар хун зиёд мекунад, худдорӣ намоянд. Зимнан кам касоне медонанд, ки диабети навъи 2 ирсӣ ва меросӣ мешавад. Агар яке аз волидайн чунин бемориро дошта бошад, эҳтимоли бемор шудани фарзандаш 30-40% аст. Рафту падару модар ҳар ду гирифтори диабет бошанд, эҳтимолияти бемор шудани фарзандашон 70% аст. Дар ин ҳолат маҳз тарзи ҳаёти солим (ғизои мукаммал, серҳаракатӣ, ба фарбеҳӣ роҳ надодан) метавонад аз беморӣ наҷот бахшад. Дар баробари қанду шакар ҳама гуна карбогидрат  ба сатҳи қанди хун таъсир мерасонад. Вале якуякбора аз карбогидратҳо даст кашидан мумкин нест. Нафарони гирифтори диабети навъи 2 бояд на кам аз 55% карбогидратҳоро аз ғизо қабул намоянд, зеро он ҷисмро нерӯ мебахшад. Биёед бубинем, ки кадом шириниҳо ба гирифторони диабети қанд мумкин аст.
Мева ва бутамева
Мева ва бутамеваҳо беҳтарин роҳи иваз намудани ширинӣ аст. Бофтаҳои ғизоии таркиби он боиси ба оҳистагӣ ҷабида шудани фруктоза мегардад. Илова бар ин, аксари меваву бутамеваҳо витамину антиоксидант доранд. ТУТ ба нафарони гирифтори диабети қанд дар як рӯз истеъмол намудани 300-400 г меваро тавсия медиҳад. Ба беморони қанд истеъмоли меваҳои начандон ширин тавсия дода мешавад, вале аз ангур, банан ва хурмо худдорӣ намоед.
Конфет, қандина ва торт мумкин аст?
Шириниро ҳама дӯст медоранд ва баъзан истеъмоли он мумкин аст, вале баъди 2 соати хӯрдани торт ё конфет сатҳи хунро чен карданатон лозим аст. Агар қанд баланд бошаду бемор инсулин қабул мекарда бошад, табиб бояд вояи қабули инсулинро муайян намояд.
Вале ин корро як бор кардан мумкин аст. Пайваста конфет истеъмол кардану вояи инсулинро зиёд кардан номумкин аст.
Асал нахӯред
Истеъмоли асал низ ба гирифторони диабети қанд тавсия дода намешавад. Аксари беморон ба ҷои шакар асалро истеъмол мекунанд, вале новобаста аз хусусиятҳои шифобахшаш глюкозаи таркиби асал баробари шакар ё қанд аст. Дар баробари ширинҳо маҳсулоти дигаре ҳаст, ки қандро дар хун баланд месозанд.
Нон
Аксарият гумон мекунанд, ки нони (хлеб) сиёҳ аз нони сафед беҳтар аст, вале дар асл чунин нест. Беҳтараш нони аз орди навъи дуюму сеюм пухташудаи сабусдорро истеъмол намоед. Чунин нон қандро ба оҳистагӣ баланд месозад.
Биринҷ
Истеъмоли биринҷ ҳангоми диабети қанд мумкин аст, вале он бояд дуруст пухта шавад. Биринҷ набояд аз ҳад зиёд ҷӯшида ба шавла мубаддал гардад. Бояд қайд намуд, ки тарзи пухтани хӯрок низ ба баландшавии сатҳи қанд таъсир мерасонад. Дурудароз пухтани хӯрок боиси нобуд шудани карбогидрадҳо мегардад. Ҳангоми пухтани шавлаи марҷумак (гречка) ва ҷав (овсянка) онро дурудароз пухтан лозим нест.
Картошка ва макарон
Ба нафарони гирифтори диабети қанд картошкаи обпаз ё бо пӯсташ пухташуда тавсия дода мешавад. 1-2 картошкаи ба андозаи тухми мурғ пухташуда ва онро ҳам на ҳар рӯз истеъмол кунед. Картошка низ карбогдрати мушкил буда, дорои крахмал аст. Агар аз он пюре тайёр карда, шир илова намоед, он ба карбогидрати сабук мубаддал мегардад. Картошкаи дар равған пухташуда калорияи баланд дорад. Истеъмоли макарон низ ба беморони диабети қанд тавсия дода намешавад, зеро он ҳам ба карбогидради сустҳазмшаванда дохил мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.