расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тоҷикистону Қирғизистон боз сари 28,37 километри сарҳад ба мувофиқа расиданд

Асосӣ / Сиёсат

Тоҷикистону Қирғизистон боз сари 28,37 километри сарҳад ба мувофиқа расиданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон боз сари 28,37 километри сарҳади давлатӣ байни кишварҳо тавофуқ ҳосил намуданд.
Тавре ки АМИТ “Ховар” бо истинод ба КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 24 то 29 марти соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистан вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо баргузор шуд.
Гуфта мешавад, гурӯҳҳои кории топографӣ 28,37 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.
Сурат аз АМИТ "Ховар"
Ба иттилои манбаъ, дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки тавсифи минтақаҳои боқимондаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома диҳанд. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Пеш аз ин шаҳри Бодканд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.




Суратҳо аз АМИТ Ховар1/2
ч“Роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, баҳри минбаъд муайян намудани хати сарҳад байни ду давлат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд”, - омадааст дар хабар.
Инчунин ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати идомаи раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қаблан зикр гардида буд, ки ҳамаи корҳо оид ба мувофиқасозии хати сарҳади байни давлатҳо моҳи марти соли 2024 ба итмом мерасанд, лекин ҳоло дар бораи даври хотимавии корҳо маълумот дода нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.