расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ФИРОРИ БОЗ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ

Ҷомеа / Ҳаводис

ФИРОРИ БОЗ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ

Шоми 24 сентябр аз маҳбаси табобатию ислоҳии ЛИУ-17 дар шаҳри Сургут як маҳбуси бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкумшуда фирор кардааст. Ӯро як рӯз баъд аз бозори «Аскания» пайдо ва боздошт кардаанд. Пойгоҳи хабарии маҳаллии «К-Информ» хабар дод, ки маҳбуси фирорӣ 23-сола буда, зодаи Тоҷикистон аст ва ӯро ҳамагӣ ду ҳафта пеш баъди судури ҳукмаш ба ЛИУ-17 интиқол дода буданд. Шоми панҷшанбе ҳангоми сайругашт дар ҳавличаи маҳбас ин маҳбус панҷараи оҳанини шифтро канда, болои бом баромадааст ва худашро ба он тарафи девори маҳбас партофта фирор кардааст.
Дар ҳафтаи ҷорӣ ин алакай сеюмин мавриди фирори маҳбусони тоҷик аз зиндонҳои Русия аст. Шаби 23 сентябр 6 маҳбус тавассути нақбе, ки дар давоми як сол канда буданд, аз маҳбаси низомаш сахти №2 дар шаҳраки Шамхал дар канори Махачқалъа фирор карданд. Ду нафар аз ин маҳбусони фирорӣаз Тоҷикистон будаанд. Шомил Бойматови 29-сола аз ноҳияи Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабов аз Душанбе дар ҷумҳурии Қарачаю Черкес бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда, як сол пеш барои адои ҷазо ба маҳбаси Шамхал оварда шуданд. Бойматов ба 12 соли зиндон ва Машрабов ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Мақомоти Доғистон барои боздошти маҳбусони фирорӣ як миллион рубл ҷоиза муқаррар кардаанд.
Бино ба омори расмии мақомоти Русия, дар зиндонҳои он кишвар ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва беш аз 1200 зодаи дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳо қарор доранд. Тақрибан сеяки онҳо бо ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.