расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САБАБИ АЗ РАҲБАРИИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН РАФТАНИ СЕГРТ БАҲСИ МАОШ БУД?

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

САБАБИ АЗ РАҲБАРИИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН РАФТАНИ СЕГРТ БАҲСИ МАОШ БУД?

САБАБИ АЗ РАҲБАРИИ ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН РАФТАНИ СЕГРТ БАҲСИ МАОШ БУД?
Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 21 феврали соли 2024 хабар дод, ки  мутахассиси 53-солаи гурҷӣ Гела Шекиладзе, ки қаблан ёвари Петр Сегрт буд, сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд.  Шекиладзе солҳои охир ёвари сармураббӣ Петр Сегрт дар тимҳои миллии Гурҷистон, Афғонистон, Молдив ва Тоҷикистон буд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон қаблан эълон кард, ки қарордоди ҳамкориро бо мураббии хорвату олмонӣ Петр Сегрт тамдид намекунад ва ӯ ба ин тартиб, тарки тими миллии Тоҷикистон мекунад.  Ин тасмим, ки дар пайи ҳунарнамоии ба таври ҳайратангез олии тими миллии Тоҷикистон дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар гирифта шуд, бисёре аз мухлисон ва мутахассисони футболро дар ҳайрат гузошт. Ҳадсе ҳам зада мешуд, ки Сегрт бо як тими Эрон музокирот дошт ва шояд бо дарёфти пешниҳоди беҳтаре аз Тоҷикистон рафта бошад.
Аммо Спортс.Уз, як пойгоҳи хабарҳои варзишии Ӯзбекистон навиштааст, ки музокироти “Эйнштейн” (лақаби Петр Сегрт) бо тими эронии “Фӯлод” дар ниҳоят ба натиҷае нарасид, вале сабаби аз раҳбарии тими миллии Тоҷикистон рафтани ӯ, ба гуфтаи манобеи ин нашрия, баҳси маош бо Федератсияи футболи Тоҷикистон будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.