расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Маркази миллии тестӣ: “Зарурати ҷорӣ кардани шакли дигари имтиҳонсупорӣ нест”

Асосӣ / Сиёсат

Маркази миллии тестӣ: “Зарурати ҷорӣ кардани шакли дигари имтиҳонсупорӣ нест”

Низоми имтиҳонии Тоҷикистон самаранок фаъолият мекунад ва айни замон ба тағйирот ё навоварӣ ниёз надорад. Дар ин бора Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ дирӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар кард.
Ӯ гуфт, айни ҳол низоми тестӣ аз ӯҳдаи вазифаи худ пурра мебарояд, аз ин рӯ, зарурати ҷорӣ кардани шакли дигари имтиҳонсупорӣ вуҷуд надорад.
“Агар имтиҳонсупорӣ тариқи тест самара наорад, он гоҳ зарурати ҷорӣ кардани баъзе аз имтиҳонҳои иловагӣ пайдо мешавад”, - таъкид кард Абдулбосит Шодиниё.
Дар робита ба ақидаи маъмуле, ки “тест танҳо дониши сатҳиро месанҷад ва ба қобилияти мулоҳизаронӣ, тафаккури интиқодӣ ва эҷодкории довталабон баҳо дода наметавонад” Абдулбосит Шодиниё гуфт, ки “ҳеҷ имтиҳон ба раванди таълим таъсири манфӣ гузошта наметавонад”.
Абдулбосит Шодиниё
“Ин ки тест ё ягон имтиҳони дигар метавонад ба дониш таъсир расонад ақидаи ғалат ва ботил аст. Раванди ташаккули дониш ва маҳорату малака аз раванди имтиҳонгирӣ, ки факт ё ҳолати ташаккулро месанҷад, фарқ дорад”, - зикр кард Абдулбосит Шодиниё.
Вале дар Маркази миллии тестӣ қоиланд, ки бо ин ё он восита натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ метавонад ба сифати таҳсилот таъсир дошта бошад. Аммо ба кадом шакл, дақиқ нагуфтанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.