расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон нав шуд

Асосӣ / Сиёсат

Сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон нав шуд

Нусратулло Мирзозода, ки то ин дам муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) буд, сардори Раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон таъин шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, фармони таъини Нусратулло Мирзозода ҳафтаи равон содир шуд ва ӯ дар ин мақом Фирдавс Холиқзодаро иваз кард.
Рӯзи 29-уми январи соли равон Хадамоти матбуотии президент фармони барканории Мирзозодаро бо сабаби гузаштан ба кори дигар нашр карда буд. Он замон маълум набуд, ки ӯро ба куҷо таъин карданд. То ҳол маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ муовини раиси КДАМ таъин шудааст.
Нусратулло Мирзозода яке аз кадрҳои собиқадори мақомоти амният аст. Ӯ солҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст. Пеш аз таъин шудан ба ҳайси муовинии сардори КДАМ, сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ, муовини сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, корманди масъули ин ниҳод дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19-уми январ дар ҷаласаи Шурои амнияти Тоҷикистон аз фаъолияти роҳбарони мақомоти қудратии вилояти Хатлон интиқод кард ва гуфт, онҳо дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.
Ӯ супориш дода буд, ки сардори Раёсатии ВКД дар вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, шаҳри Бохтар ҳамроҳи муовинонашон, додситонии Хатлон бо муовинонаш, сардори гурӯҳи фаврии раёсати КДАМ дар Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, роҳбари Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон ҳамроҳи муовинонаш ва чанде аз сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии ВКД, Додистонии кул, КДАМ, оҷонсиҳои зиддифасоду мубориза бо маводи мухаддир аз вазифа озод шаванд.
Дар пайи ин, сардори ВКД дар Хатлон Файзулло Низомзода аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Шариф Назарзода, ки то ин дам сардори ВКД дар ВКМБ буд, ба ин мақом таъин гардид.
Ҳамчунин, додситони вилоят Абдураҳим Раҳимзода аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Аваз Назарзода таъин шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.