расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ПИСАРИ ШАҲРДОРИ БОХТАР ИХТИЁРӢ БА ХИДМАТӢ ҲАРБӢ МЕРАВАД

Ҷомеа / Ҳаводис

ПИСАРИ ШАҲРДОРИ БОХТАР ИХТИЁРӢ БА ХИДМАТӢ ҲАРБӢ МЕРАВАД

Мақсуд Саломзода, писари шаҳрдори Бохтар Сиҷоуддин Саломзода дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Бохтар ваъда додааст, ки ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ меравад.
Мақсуд Саломзода Мактаби олии технология ва энергетикаи шаҳри Санкт-Петербурги Русияро хатм карда, ҳоло дар корхонаи "Трансформатор”-и шаҳри Бохтар кор мекунад. 
Ӯ дар мусоҳиба бо "Ховар” гуфт: «Ман дӯстдори Ватани хеш ҳастам ва ин тасмими шахсии ман аст – қарори шахси баркамол, ки қодир аст мустақилона тасмим гирад. Ман фикр мекунам, ки ҳар ҷавон бояд аз мактаби шуҷоат гузарад ва дар таъмини амнияти Тоҷикистон саҳм гузорад. Ба тасмими ман барои хидмат дар артиш, тавре ки бисёриҳо гумон мекунанд, падарам ё маслиҳати касе таъсир нагузоштааст».
Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар 8 фарзанд доштааст.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал талаб карда буд, ки пеш аз ҳама фарзандони мансабдоронро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб кунанд. Мавсими тирамоҳии даъват ба саффи артиш дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфта, то 30 ноябр давом мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.