расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қасос барои марги Қосим Сулаймонӣ ва таркиш дар Кирмон? Ҳамлаҳои ҳавоии Эрон ба Ироқ ва Сурия

Асосӣ / Ҷаҳон

Қасос барои марги Қосим Сулаймонӣ ва таркиш дар Кирмон? Ҳамлаҳои ҳавоии Эрон ба Ироқ ва Сурия

Шаби 16-уми январи соли равон Эрон бо истифода аз мушакҳои ҳавоӣ бархе манотиқи Ироқ ва Сурияро мавриди ҳамла қарор додааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ бо такя ба иттилоияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон хабар додаанд.
Дар хабарнома омадааст, ки ҳамлаҳо ба Курдистони Ироқ дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳони Сипоҳи посдорон ва “Ҷабҳаи муқовимат” аст ва дар ин ҳамлаҳо яке аз қароргоҳҳои ҷосусии Исроил аз байн бурда шудааст.
Онҳо изҳор намуданд, ки пойгоҳи “гурӯҳҳои террористии зидди Эрон” нест карда шудаанд
Ҳамчунин, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон ба мавқеъҳои ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар Сурия зарба задааст, хабар медиҳад, шабакаи Алҷазира бо истинод ба изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ.
Хабаргузории “Рейтерз” дар гузорише навиштааст, ки садои таркиш аз минтақае дар ҳудуди 40-километрии шарқи Арбил ва наздикии консулгарии Амрико шунида шудааст. Эрон ҳамчунин, гуфт, ба ҳашт иншооти назди консулгарии Амрико дар шаҳри Эрбил зарба зад.
Акс аз сомонаи pagegoo.com
Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, нерӯҳои Сипоҳ на танҳо ба консулгарӣ, балки ба пойгоҳҳои низомии Амрико низ ҳамла карданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки иншооти Амрико дар Ироқ осеб надидаанд. Ин маълумотро баъдтар котиби матбуотии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед Адриен Уотсон дар суҳбат бо РИА Новости тасдиқ кардааст.
Вай қайд кардааст, ки мақомоти ИМА ин ҳамлаҳоро “бепарвоёна ва нодуруст” мешуморанд.
Хабаргузории Reuters хабар медиҳад, ки дар ин ҳамалаҳо ду нафар кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. ABC News дар бораи чаҳор қурбонӣ хабар додааст. Хабаргузории Reuters бо такя ба манобеъаш менависад, ки дар миёни кушташудаҳо тоҷири миллионери курд Пешрав Дизайӣ ва чанд узви хонаводаи ӯ ҳастанд.
Шабакаи ABC News бо такя ба як манбаъ дар хадамоти амниятии Ироқ хабар медиҳад, ки ҳаракати ҳавоӣ дар Эрбил мутаваққиф шудааст ва зарбаҳо “хеле шадид” будааст.
Шӯрои амнияти ҳукумати Курдистони Ироқ дар баёнияе эълон кард, ки дар ҳамлаи Арбил дастикам чаҳор ғайринизомӣ кушта ва шаш нафар захмӣ шудаанд. Ин ниҳод ҳамлаҳои ҳавои Сипоҳи посдоронро “ҷиноят” хондааст.
Чанд соат пас аз ин ҳамлаҳо, Масрур Боризонӣ, нахуствазири иқлими Курдистони Ироқ бо нашри баёнияе дар шабакаи Х (Твиттери пешин) ҳамлаҳои Сипоҳи посдоронро маҳкум кард ва гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо чандин ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд. Ӯ аз ҳукумати марказӣ дар Бағдод хостааст, ки дар баробари ҳамлаҳо мавзеъгирӣ кунад.
Ҳамлаи мусаллаҳон дар вилояти Систон ва Балучистон ҳудуди як моҳ қабл сурат гирифт ва бар асари он дастикам 12 корманди пулиси Эрон кушта шуданд. Гурӯҳи “Ҷайш-ул-Адл” масъулияти онро ба ӯҳда гирифта буд.
Рӯзи 3 январ дар Кирмон ду таркиш дар ҷараёни маросими дафн дар қабри генерал Қосим Сулаймонӣ рух дод. Қариб 90 нафар кушта ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ДИИШ* бар ӯҳда гирифт.
*дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.