расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Фонди саудии рушд ба Тоҷикистон 20 млн доллар қарз медиҳад.

Асосӣ / Иқтисодиёт

Фонди саудии рушд ба Тоҷикистон 20 млн доллар қарз медиҳад.

Он барои сохтмони қариб 20 мактабу 2 шуъбаи маориф дар кишвар сарф мешавад.

Тоҷикистон аз Фонди Саудии рушд барои сохтмону муҷаҳҳазгардонии қариб 20 мактаб дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ 75 млн риёли саудӣ ё 20 млн доллари америкоӣ “бо шартҳои имтиёзии баланд” қарз мегирад.
Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушдро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябр имзо кард ва се рӯз пеш- 22-юми декабр парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи созишномаи мазкур дар назди вакилон гуфт,  қарз “бо шартҳои имтиёзии баланд”, яъне ба муддати 25 сол бо 1,5 фоизи солонаи хидматрасонӣ гирифта мешавад.
Садои мардум” нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон аз қавли вазири молия навиштааст, ки ҳадафи лоиҳа “сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии 19 мактаб, 2 бинои маъмурии соҳаи маориф дар 18 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад”.
Лоиҳа аз 3 қисм иборат буда, аз соли 2024 оғоз ва то соли 2028 амалӣ мешавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода дар яке аз ҷаласаҳои парлумон дар моҳи ноябр гуфта буд, ки то 1-уми октябри соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд. доллари амрикоӣ ё 30,8 фоизи ММД-ро ташкил менамояд, ки аз он 3,2 млрд. доллари амрикоӣ ё 89 фоиз қарзи берунаи давлатӣ ва 0,4 млрд. доллари амрикоӣ ё 11 фоиз қарзи дохилӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.