расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СОАТИ ЯКИ ШАБ БУД ВА ҲАВО – ХЕЛЕ САРД... НАҶОТИ 60 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РОҲИ БОЗГАШТ АЗ РУСИЯ

Асосӣ / Муҳоҷир

СОАТИ ЯКИ ШАБ БУД ВА ҲАВО – ХЕЛЕ САРД... НАҶОТИ 60 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РОҲИ БОЗГАШТ АЗ РУСИЯ

СОАТИ ЯКИ ШАБ БУД ВА ҲАВО – ХЕЛЕ САРД... НАҶОТИ 60 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РОҲИ БОЗГАШТ АЗ РУСИЯ )
Кормандони пулиси вилояти Қарағанда дар қисмати марказии Қазоқистон шаби 20 декабри соли 2023 дар шоҳроҳи Екатеринбург – Алма-Ато аз як автобуси шикаста 60 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз шаҳри Екатеринбурги Русия ба Ватан бармегаштанд, наҷот додаанд. Соати яки шаб ба пулис хабар расид, ки дар километри 690-ум як автобуси мусофиркаш вайрон шудааст. Маълум шуд, ки ин автобус бо 2 ронанда ва 60 мусофир, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, аз Русия ба тарафи ҷануб мерафт. Вале дар қитъаи роҳи байни шаҳраки Оқшатау ва шаҳри Балхаш тири ақиби автобус (задняя ось) шикастааст ва автобус дигар ҳаракат карда натавонистааст. Кормандони пулис мошинҳои роҳгузари чӣ боркашу чӣ сабукравро манъ карда, ба ронандагон вазъиятро мефаҳмонданд ва хоҳиш кардаанд, ки ягон нафарро то Балхаш бирасонанд. Кормандони пулис мегӯянд, ягон кас ин хоҳишро рад накард ва ҳар мошине, ки аз роҳ мегузашт, ду ило се муҳоҷири тоҷикро бо худ гирифта, то Балхаш расонд.
Вақте дар роҳ 25 мусофири дигар боқӣ монда буд, як автобусе, ки ба тарафи Алма-Ато мерафт, манъ карда, ҳамаи ин мусофиронро гирифт. Кормандони пулис ин автобусро то шаҳри Балхаш ҳамроҳӣ карданд ва дар ин шаҳри воқеъ дар соҳили кӯли Балхаш ва дар тақрибан 380-километрии Қарағанда ҳамаи 60 муҳоҷири тоҷикро дар як қаҳвахона ҷамъ оварданд. Дар ин қаҳвахона онҳоро бо ғизо ва ҷои хоби гарм таъмин карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.