расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АВТОБУС БО 54 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҲАВОИ САРД ДАР ВИЛОЯТИ ОРЕНБУРГ ДАРМОНДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

АВТОБУС БО 54 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҲАВОИ САРД ДАР ВИЛОЯТИ ОРЕНБУРГ ДАРМОНДААСТ

АВТОБУС БО 54 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҲАВОИ САРД ДАР ВИЛОЯТИ ОРЕНБУРГ ДАРМОНДААСТ 
Раёсати корҳои дохилии вилояти Оренбурги Русия хабар дод, ки субҳи 11 декабри соли 2023 дар шоҳроҳи воқеъ дар наздикии деҳаи Дружбаи ноҳияи Сол-Илетски ин вилоят як автобус бо 54 мусофир, бо шумули як ноболиғ, ки аз Маскав ба Тоҷикистон сафар дошт, ба иллати вайрон шуданаш дар ними роҳ дармондааст.
“Бо дарназардошти сардии қаҳратуни субҳи имрӯз ва шамоли мисли ях сард, мусофирону ронандагон дар як вазъияти барои саломатӣ хатарнок қарор гирифтанд. Автобуси мусофиркаши дар канори роҳ истодаро ҳангоми дидбонӣ кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) дида, ба сурати билофосила одамонро ба қаҳвахонаи наздиктарин кӯчонданд”, - гуфтаи мешавад дар иттилоияи пулиси вилояти Оренбург.
Кормандони пулис ва хадамоти роҳ ба ронандагон барои дуруст кардани автобус кумак расондаанд ва автобус баъди чанде бо мусофиронаш ба сафари худ идома додааст.
Гуфтанист, ки ин шабу рӯз дар вилояти Оренбург сардии қаҳратуне ҳукмфармост ва ҳарорати ҳаво то -26 дараҷа тибқи ҷадвали Тселсий сард мешавад.
 Тавре қаблан хабар расид, наҷотбахшон аз департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола дар шимоли Қазоқистон шаби 9 декабри соли 2023  дар роҳи Остона – Петропавловск 28 хориҷӣ – 26 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки автобусашон ба иллати сардӣ дар ними роҳ дармонда буд, ба як нуқтаи гарм дар шаҳри Кӯкшетау кӯчондаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.