расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗОБУ УҚУБАТ ВА ШИКАНҶАИ ЯК КӮДАКИ СИНФИ 9 АЗ СӮИ МАРДЕ БО НОМИ ФИРДАВС БО ЛАҚАБИ “ДАВСИК”

Асосӣ / Ҷомеа

АЗОБУ УҚУБАТ ВА ШИКАНҶАИ ЯК КӮДАКИ СИНФИ 9 АЗ СӮИ МАРДЕ БО НОМИ ФИРДАВС БО ЛАҚАБИ “ДАВСИК”

АЗОБУ УҚУБАТ ВА ШИКАНҶАИ ЯК КӮДАКИ СИНФИ 9 АЗ СӮИ МАРДЕ БО НОМИ ФИРДАВС БО ЛАҚАБИ “ДАВСИК” 
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар канали “Парвиз ТВ” сабти видеоии латтукӯб ва бо электрошокер азобу уқубат ва шиканҷа додани як ноболиғ аз ҷониби як марди калонсол, ки як нафар дар ҷараёни сабт ӯро бо номи Фирдавс ном мебарад, нашр шуда, мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овардааст. Корбарон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи  Тоҷикистон тақозо доранд, то ин нафарро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ бикашонанд.
Ба гуфтаи муаллифони видео, ин нафар Фирдавс ном ва “Давсик” лақаб дошта, як писари ноболиғи синфи 9-ро ба яке аз қабатҳои болоии як бинои сохтмонаш ҳанӯз ниматамом, маъруф ба “биноҳои зард”, дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бурда, дар тӯли тақрибан 2 соат бо электрошокер ва мушту лагат ӯро азобу уқубат ва шиканҷа додааст. Сабаби даст ба шиканҷаи ноболиғ ва он ҳам бо электрошокер задани “Давсик” маълум нест. Маълум нест, ки ӯ корманди ягон мақомот аст ё худсарона даст ба “самосуд” задааст? Ин ҳам маълум нест, ки оё ин ноболиғ чӣ гуноҳ кардааст, ки ӯро бо электрошокер азоб медиҳанд?
Қисми дуюми моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  барои азобу уқубати нафари баръало ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ӯ барои гунаҳгор аён аст, ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Агар ин “Давсик” корманди ягон мақомот бошад, пас кирдори ӯ ҳамчун шиканҷа метавонаж таъбир шавад. Қисми дуюми моддаи 143, иловаи яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  барои шиканҷа, яъне қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар, ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.