расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҷаримабандии ронанда барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ

. / Ҳаводис

Ҷаримабандии ронанда барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ

  Як нафар сокини шаҳри Душанбе истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо ирсоли расми қоидавайронкунии як нафар ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Вектра» рақами қайди давлатиаш 9039 JJ 01 аз мақомоти милитсия дархост намуд то нисбати ронандаи воситаи нақлиёти мазкур чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Тибқи иттилои муроҷиаткунанда ронандаи мазкур ҳангоми дар назди МТМУ №1 н. И. Сомонии ш. Душанбе қарор доштан, Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ҳолати садамавиро ба вуҷуд овардааст. Ҳамзамон номбурда эроди шаҳрвандонро нодида гирифта, нисбати онҳо дағалона рафтор намудааст.
 Дар натиҷаи мавриди санҷиш қарор гирифтани муроҷиати мазкур ронандаи автомашина муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Муайян гардиди, ки ин нафар шаҳрванд Нозимов Алишер соли таваллудаш 1992 сокини ш. Душанбе мебошад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Нозимов Алишер барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.