расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК ТОҶИК, КИ “ЗАПРЕТ” ДОШТ, АЗ ТАРИҚИ ДАРЁ БО ҚАИҚ БА РУСИЯ ДАРОМАДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ЯК ТОҶИК, КИ “ЗАПРЕТ” ДОШТ, АЗ ТАРИҚИ ДАРЁ БО ҚАИҚ БА РУСИЯ ДАРОМАДААСТ

ЯК ТОҶИК, КИ “ЗАПРЕТ” ДОШТ, АЗ ТАРИҚИ ДАРЁ БО ҚАИҚ БА РУСИЯ ДАРОМАДААСТ
Муҳоҷироне, ки “запрет” гирифта, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум гардидаанд, барои боз ҳам ба ин кишвар ба мардикорӣ рафтан даст ба аҷаб корҳое мезананд. Дар вилояти Смоленски Русия ахиран як шаҳрванди Тоҷикистонро барои онки савори қаиқ аз тариқи дарёи Днепр ба қаламрави Русия даромадааст, ба маблағи бузург ҷарима баст. Ва он ҳам баъди ҳаштуним моҳе, ки ин муҳоҷир дар паси панҷара ба сар бурд.
Худи муҳоҷири тоҷик ваё наздикону адвокаташ барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои маркази матбуоти муштараки додгоҳҳои вилояти Смоленск, ин марди тоҷик ҳарчанд медонист, ки вуруди ӯ ба қаламрави Русия қонунан манъ карда шудааст, бо ҳавопаймо то шаҳри Минск, пойтахти Беларус омадааст ва рӯзи 21 сентябри соли 2022 аз онҷо бо такси то марзи давлатии Русия рафта, сипас бо қаиқ бо кумаки як нафари дигар аз тариқи дарёи Днепр марзи Русияро дар минтақаи Красное дар ҳудуди ноҳияи Краснинои вилояти Смоленск гузаштааст. Ӯ баъди убури марз як каме дар ҷангал истироҳат карда, сипас ба роҳи мошингард баромадааст ва ба як мошини раҳгузар савор шуда, ҳаракаташ ба дохили Русияро идома додааст. Ин муҳоҷирро танҳо баъди чоруним моҳи вурудаш ба қаламрави Русия, рӯзи 9 феврали соли 2023 кормандони пулис дар шаҳри Красноярск, ки дар фосилаи қариб 4700 километр аз маҳалли марзи Русияро убур кардани ӯ ҷойгир шудааст, муайян ва дастгир кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.