расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР

Асосӣ / Ҷомеа

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗИ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки моҳи октябр дар ҷумҳурӣ бо ду садамаи марговар оғоз ёфт. 
Аз ҷумла 1-уми октябри соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс-350”, Мирзохӯҷаев Олимҷон Миримшоевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, бе ҳуҷҷатӣ ронандагӣ аз самти шаҳри “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои мошини тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Ворисов Балаҷон Алимҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур, ки дар роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Сипас мошини Мирзохӯҷаев ба канори чапи роҳ баромада, ба воситаи нақлиёти дар канори роҳ истодаи тамғаи “Мерседес-Бенс-5151СDI”, ки ба Маҳмадаминов Муртазо Маҳмадмусоевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронадаи мошини “Мерседес-Бенс-350” Мирзохӯҷаев М. ронандаи мошини “Опел-Астра” Ворисов Б. ва мусофирони мошини “Мерседес-Бенс”, Қосимов Худойберди Шораҳматович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд ва мусофири дигари мошини тамғаи “Опел-Астра”, Эшонова Зебунисо Абдулҳамидовна, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Кӯшониён ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.