расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ ДУ ЗАН ВА ЯК ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ВОСЕЪ

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ ДУ ЗАН ВА ЯК ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ВОСЕЪ

ҲАЛОКАТИ ДУ ЗАН ВА ЯК ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ВОСЕЪ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 14-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 09:30, бар асари чапа шудани як мошини сабукрави тамғаи “Опел” дар  ҳудуди ноҳияи Восеъ  се мусофири ин мошин: ду зан ва як тифли яксола  ҷон бохта, як зани дигари мусофири “Опел” ҷароҳат бардоштааст.
Бино ба иттилои ВКД, субҳи 14 сентябр, тахминан соати 09:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Аланазаров Ашуралӣ Абдиевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, мошинро чаппа кардааст.
Дар натиҷаи садама, мусофирони ин мошин Аланазарова Паригул Абдиевна, соли таваллудаш 1976, Хуҷаназарова Фирӯза Худойбердиевна, соли таваллудаш 1975 ва хурдсол Аланазарова Ёсамин Хайриддиновна, соли таваллудаш 2022, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигар Калтаева Тошгулой Худойбердиевна, соли таваллудаш 1993, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст. ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.