расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МИСЛИ ҲАРАМИ СУЛТОН СУЛАЙМОН: ҚИССАИ ЭШОНИ ҲАСАН, КИ 13 ЗАНУ ДУХТАРРО БА НИКОҲИ ХУД ДАРОВАРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

МИСЛИ ҲАРАМИ СУЛТОН СУЛАЙМОН: ҚИССАИ ЭШОНИ ҲАСАН, КИ 13 ЗАНУ ДУХТАРРО БА НИКОҲИ ХУД ДАРОВАРДААСТ

МИСЛИ ҲАРАМИ СУЛТОН СУЛАЙМОН: ҚИССАИ ЭШОНИ ҲАСАН,  КИ 13 ЗАНУ ДУХТАРРО БА НИКОҲИ ХУД ДАРОВАРДААСТ 
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар як нашри вижаи барномаи “Ахбори ВКД” аз боздошти Ҳасан Мухторов, маъруф бо лақаби Эшони Ҳасан, муллои ҷинхоне хабар дод, ки 13 зану духтарро ба никоҳи худ даровардааст, вале бо бархеи онҳо ҳамагӣ чанд моҳу бо бархеаш ҳатто ҳамагӣ 3 рӯз зиндагӣ кардааст. Эшони Ҳасан, бино ба гузориши ВКД,  дар баробари бисёрзанӣ ҳамчунин ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад. Худи Эшони Ҳасан барои шарҳи қазия дастрас нест, вале ВКД мегӯяд, аксари ин занону духтароне, ки ӯ ба никоҳи худ дароварда буд, аз байни онҳое будаанд, ки барои аз баданашон дур кардани ҷинҳо ба ин муллои ҷинхон муроҷиат кардаанд. Дар гузориш ба далелҳои ахлоқӣ номи занҳое, ки Эшони Ҳасан ба никоҳи худ даровардааст, гуфта нашудааст ва чеҳраҳои онҳоро низ пинҳон кардаанд. 
Вале дастикам 7 зан  дар гузориши ВКД баёнот медиҳанд, ки дар никоҳи Ҳасан Мухтаров будаанд.
Яке аз ин занҳо мегӯяд: “Ҳасан Мухторов барои ҷинхонии духтарам ба хона омад. Дар бораи худам пурсид. Гуфтам, ки шавҳар надорам. Эшони Ҳасан ҳам гуфт, ки оилааш вайрон шудааст ва аз ман хост, то ба никоҳаш дароям. Розӣ шудам. Мо бо ҳам 3 рӯз зиндагӣ кардем”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.