расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот бо касби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарна

Асосӣ / Варзиш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот бо касби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарна

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот бо касби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мақоми шашумро соҳиб шудааст.

Варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс 8 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтанд. Миҷгона Самадова дар мусобиқаи занон дар дар вазни то 57 кило, Абубакр Муродзода (-60 кг) ва Абдумалик Болтаев (-80 кг) - дар байни мардон медалҳои тилло ба даст оварданд. Расул Аҳадов (-67 кг) барандаи медали нуқра шуд.

Муштзани тоҷик Дилдода Осақолова дар вазни то 54 кило миёни занон, Шоҳин Ҳикматов (-63,3 кг), Диёр Султонов (-75 кг) ва Толиб Расулов (-86 кг) дар мусобиқаи мардон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Абубакр Шеров, паҳлавони ҷавони тоҷик дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило, медали тилло гирифт. Варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар ҳисоби дастаӣ соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Медали шашуми биринҷиро ба Тоҷикистон Субҳон Мирзомуродзода дар риштаи самбо дар вазни то 79 кило овард.

Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ, аз шаҳри Екатеринбург ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин ҷашнвора бо шумули 50 кас, ки 37 нафарашон варзишгаранд, бо раҳбарии Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ширкат кард.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал, ки 14 намудро дарбар мегирад, донишҷӯёни варзишгар аз 36 кишвар муддати 12 рӯз (19-30-юми август) рақобат мекунанд. Ин ҷашнвора дар доираи чорабинии бузурги «Екатеринбург – ЭКСПО» доир шудааст.

Ҳамин тариқ, дар даҳ рӯзи рақобатҳо варзишгарони донишҷӯи 17 кишвар соҳиби медал шудаанд, намояндагони 14 кишвар бо нишони тилло сарфароз гаштаанд.

Тоҷикистон дар байни ҳашт кишвари собиқи шӯравӣ, ки дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар Екатеринбург ширкат доранд, пас аз Русия ва Қирғизистон ҷойгир шуда, аз Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Узбекистон пеш аст. Зимнан, варзишгарони тоҷик ширкати худро дар мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал ба анҷом расонданд

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.