расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РАИСИ НАВИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ БЕШ АЗ 70 ҚАРОРИ РАИСИ ҚАБЛИРО БЕКОР КАРДААСТ

Асосӣ / Сиёсат

РАИСИ НАВИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ БЕШ АЗ 70 ҚАРОРИ РАИСИ ҚАБЛИРО БЕКОР КАРДААСТ

РАИСИ НАВИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ БЕШ АЗ 70 ҚАРОРИ РАИСИ ҚАБЛИРО БЕКОР КАРДААСТ
Нусратулло Салимзода, раиси нави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки моҳи январи соли 2023 ба ин мақом таъйин шуд, бо судури як қарор беш аз 70 қарори раиси қаблии ин ноҳия Зафарбек Давлатзодаро дар мавриди ҷудо  кардани қитъаҳои замин бекор кардааст. Аксари ин қитъаҳои замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, таъсиси корхонаҳо ва биноҳои маишиву хоҷагиҳои деҳқонӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ ҷудо шуда буд. Соҳибкорон акнун дар ташвишанд, ки  барои гирифтани қитъаи замин бояд аз сари хат тамоми идораҳои дахлдорро бигарданд ва дигарбора дасти ҳар як мансабдореро, ки зери санадашон имзо мегузорад, аз нав “сафед” кунанд.
Як соҳибкор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “ориён” гуфт, барои гирифтани қарори як пора замин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов зиёда аз 20 ҳазор доллар сарф кардааст, аммо имрӯз қарораш бекор шудаву худаш дар ба дари  додгоҳии иқтисодӣ барои барқарор намудани қарори заминаш сарсону саргардон аст. Ӯ мегӯяд: “Барои гирифтани як қарори раиси ноҳия оид ба ҷудо кардани қитъаи замин камаш аз 10 корхонаву ташкилот хулосаву иҷозат мегирӣ, ҳамаи он хулосаҳо масрафи худро дорад. Масалан пеш аз ҷудо шудани қитъаи замин кумитаи замин ва корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳия (МБТИ)  санади ҷудо намудани заминро медиҳад, сармеъмори ноҳия хулосаву нақшаи кулли иншоотро тартиб ва тасдиқ мекунад, баъд аз он хулосаву иҷозатҳои шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, шабакаҳои барқи ноҳия, шуъбаи санитарӣ ва эпидемиологии ноҳия, идораи хоҷагии оби ноҳия, кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия, идораи сухторхомӯшкунии ноҳия ва пешниҳоди ҷамоатро гирифта, баъд дар охир қарори раиси ноҳия содир мешавад. Мо ҳайронем,, ки баъди гирифтани розигӣ ва хулосаи мусбии ҳамин қадар ташкилот, ки ҳамааш барои мо, соҳибкорон, хароҷоти беҳуда аст, раиси нави ноҳияи Салимзода боз чӣ камбудие дар ҳуҷҷатҳои мо ёфтаву қарори моро бекор кардааст?”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.