расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳасан Мухтаров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот ба ҷинхонӣ машғул буд, 13 занро ба никоҳи худ дароварда, бо бархеи онҳо аз 3 рӯз то 4 моҳ зиндагӣ кардааст.

Асосӣ / Ҷомеа

Ҳасан Мухтаров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот ба ҷинхонӣ машғул буд, 13 занро ба никоҳи худ дароварда, бо бархеи онҳо аз 3 рӯз то 4 моҳ зиндагӣ кардааст.

Ҳасан Мухтаров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот ба ҷинхонӣ машғул буд, 13 занро ба никоҳи худ дароварда, бо бархеи онҳо аз 3 рӯз то 4 моҳ зиндагӣ кардааст. Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Ҳасан Мухтаров худро эшон гирифта, барои ҷинхонӣ ба хонаи мардум рафта, пас аз дуохонӣ, ба боварии занҳои бева ва духтарони хона даромада, бидуни шоҳид ва мулло, онҳоро худаш ба никоҳаш даровардааст.

Дар “Ахбори ВКД” занҳо ном гирифта намешаванд, вале дастикам 7 зан шаҳодат медиҳанд, ки дар никоҳи Ҳасан Мухтаров будаанд.

Як зан мегӯяд, “Ҳасан Мухтаров барои ҷинхонии духтарам ба хона омад. Дар бораи худам пурсид. Гуфтам шавҳар надорам. Эшони Ҳасан ҳам гуфт, ки оилааш вайрон шудааст ва аз ман хост, то ба никоҳаш дароям. Розӣ шудам. Мо бо ҳам 3 рӯз зиндагӣ кардем”.

Зани дигар дар навор иброз медорад, ки 10 рӯз тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҳамсуҳбат шудаанд, ӯ худро эшон муаррифӣ кардааст ва баъди он ҳамдигарро дидаанд ва никоҳ кардаанд.
“Бо Ҳасан Мухтаров 4 моҳ зиндагӣ кардам. Баъди он фаҳмидам, ки эшон боз оилаи дигар доштааст. Ҷангҷол кардам ва ҷудо шудем”, - мегӯяд ин зани ҷавон.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Ҳасан Мухтаров бо эшонзода муаррифӣ кардан ба боварии занҳо даромада, дар ин муддат 13 зану духтарони хонаро ба никоҳаш даровардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, қаблан Мухтаров барои таъмин накардани манзили зист ба оилааш ва напардохтани алимент суд шуда будааст.

Мақомот аз моддаи махсус ном набурдаанд ва танҳо гуфтаанд, ки ӯ ба иттиҳоми бисёрҳамсарӣ гумонбар аст.

Эҳтимол ин моддаи 170 Кодекси ҷиноятӣ “Дузанагӣ ё серзанагӣ” аст, ки дар он дар сурати исботи гуноҳ, ба ҷинояткор аз 68 ҳазор сомонӣ то 136 ҳазор сомонӣ ҷарима ё  ҷазои панҷ соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Назари худи Ҳасан Мухтаров ва наздикону вакили дифои ӯ дар робита ба ин иддао дастрас нест.
Ҳарчанд дар асоси қонунгузории кишвар бисёрзанӣ дар Тоҷикистон манъ аст, вале теъдоди мардоне, ки ду ҳамсар ё зиёда аз он доранд, зиёд аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.