расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 4 КУШТА ВА 3 ЗАХМӢ ДАР 3 САДАМАИ РӮЗҲОИ 25 ВА 26 АВГУСТ ДАР ВОСЕЪ, ЛАХШ ВА ДЕВАШТИЧ

Асосӣ / Ҳаводис

4 КУШТА ВА 3 ЗАХМӢ ДАР 3 САДАМАИ РӮЗҲОИ 25 ВА 26 АВГУСТ ДАР ВОСЕЪ, ЛАХШ ВА ДЕВАШТИЧ

4 КУШТА ВА 3 ЗАХМӢ ДАР 3 САДАМАИ РӮЗҲОИ 25 ВА 26 АВГУСТ ДАР ВОСЕЪ, ЛАХШ ВА ДЕВАШТИЧ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 25 август ва рӯзи 26 августи соли 2023 дар се садама дар ноҳияҳои Восеъ, Лахш (собиқ Ҷиргатол) ва Деваштич (собиқ Ғончӣ) 4 нафар ҷон бохта, дастикам 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Субҳи 26-уми августи соли 2023, тахминан соати 08:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел Астра”, Аслонов Фатҳулло Шодибекович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш", дар ҳудуди деҳаи Дуағбаи ноҳияи Лахш, аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Сурхоб чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Аслонов Ф.Ш., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаааст. Мусофири ноболиғи ин мошин Маҳмадшоев Мустафо Фозилович, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Лахш дар дарёи "Сурхоб" ғарқ гардида, пас аз ду соат ҷасади номбурда дар масофаи 5 километр поёнтар дарёфт карда шудааст...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.